Дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ» сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев амали ҳукуматдорони рус дар робита ба боздошти 150 нафар мусофири тоҷик дар шаҳри Ростови лаби Донро «таҳқиромез» унвон кард.
Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 28-уми феврал Вазорати тандурустии вилояти Русия перомуни таъҷилан ба майдони ҳавоии шаҳри Ростови Лаби Дон фуруд омадани ҳавопаймо аз Тоҷикистон бинобар сабаби бад шудани вазъи солимии яке аз мусофирон изҳорот пахш намуд.
Дар изҳорот гуфта мешуд, ки як корманди тиббии фурудгоҳ ба бемории вабо (холера) гирифтор будани як мусофирро гумонбар шуда, дар ин робита 150 нафар мусофирони ҳавопаймо аз Хуҷанд муддати 1 шабонарӯз боздошт ва аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.
Рӯзи дигар иттилоъ дода шуд, ки ин беморӣ тасдиқ нагардида, дар се нафар мусофирони ҳавопаймо бемории дарунравӣ (дизентерия) ошкор шудааст. «Ҳамаи мусофирон ба макони таъинот – шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург расонида мешаванд», - изҳор гардида буд дар сомонаи Вазорати тандурустии вилоят.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дар ин робита изҳор намудааст, ки халабонон ҳанӯз зимни павоз ба хадамоти заминӣ хабар додаанд, ки ду нафар мусофирон тез-тез аз ҳоҷатхона истифода мекунанд ва ин боиси ташвиш аст. «Магар бо ин асос метавон эътибору мартабаи 150 нафар мусофирро зери шубҳа гузошт? Мо талаб хоҳем намуд, ки сохтори масъул ба ин амал ҳатман хисороти маънавӣ ба мусофиронро ҷуброн намоянд», - таъкид доштааст дипломати тоҷик.
Достиев итминон додааст, ки ба кормандони сафоратхона ҷиҳати омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ супориш дода, нотаи эътирозӣ имрӯз ба Вазорати корҳои хориҷии Русия ирсол хоҳад шуд. «Ман нотаро ба ВКХ Русия мефиристам ва бигзор онҳо гунаҳкоронро пайдо намуда, ин масъаларо бо Прокуратураи генералӣ ва Вазорати нақлиёт баррасӣ ва ба мо посух диҳанд. Агар мусофирон ба суд муроҷиат карданӣ бошанд, мо онҳоро дастгирӣ мекунем. Мо бо мусофирон дар тамос ҳастем», - иброз доштааст сафир.
Ба андешаи сафир, тибқи мушоҳидаҳои шахсии ӯ, «нисбат ба шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон чунин муносибат ҷой дорад. Нерӯҳои муайяне мавҷуданд, ки ба бад шудани муносибатҳои миёни Тоҷикистону Русия манфиатдоранд ва ҳадафи онҳо дар ҳоли тарсу ҳарос нигоҳ доштани кишварҳои начандон бузург аст».




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста