Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Президенти Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Уго Чавес ба Ноиб-Президенти Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Николас Мадуро барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи президенти Тоҷикистон зикр мегардад, ки команданте Чавес аз маъруфтарин чеҳраҳои ҳаёти байналмилалии солҳои ахир буд.

«Ӯ барои кишвари хеш, ҳимояю тақвияти истиқлоли Венесуэла, беҳтар намудани зиндагии мардум ва равобити байналмилалии кишвар хидматҳои бузург анҷом дод ва аз ин рӯ, ёди ӯ дар дили миллионҳо нафароне, ки ӯро ҳамчун муборизи роҳи озодиву истиқлоли Ватанаш дониста ва шинохта буданд, абадӣ боқӣ хоҳад монд», - омадааст дар барқия.

Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кардааст, ки самимитарин тасаллият ва ҳамдардиҳои мардуми тоҷик ба ҳамаи мардуми Венесуэла расонида шавад.