Имрӯз президенти Тоҷикистн Эмомалӣ Раҳмон занони ҷумҳуриро бо ҷашни Рӯзи модар табрик гуфта, аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон изҳори нигаронӣ намуд.
Зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ин ҷашн сарвари давлат изҳор намуд, ки соли гузашта аз ҷониби ноболиғон 484 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли 2011-ум 100 ҳодиса зиёд мебошад ва махсусан ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз тарафи наврасону ноболиғон зиёд шуда, дар давоми сол 95 ҳолатро ташкил додаанд, ки ин натанҳо ҳукумат, балки аҳли ҷомеаро низ ба ташвиш овардааст.
Дар ин робита сарвари давлат аз вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон, зиёиён ва аҳли ҷомеа даъват ба амал овард, ки бо ҷалбу истифодаи тамоми имкониятҳо, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа, пеш аз ҳама, миёни наврасону ҷавонон қатъиян пурзӯр намуда, дар кори тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эхтиром гузоштан ба қонунҳо саҳм гузоранд.
Дар идомаи суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки пас қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки қариб 6 сол пеш қабул шуда буд, дар ин муддат дар мамлакат беш аз 800 ҳазор маърака барпо шуда, 9 миллиард сомонӣ ба манфиати шаҳрвандон сарфа гардидааст ва зиёда аз 700 ҳазор сар чорво камтар забҳ шудааст.
Дар фарҷом сарвари давлат бонувони Тоҷикистонро самимона бо ҷашни Рӯзи модар табрик гуфта, ба онҳо умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда ва дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст комёбиҳо орзу кард.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста