Шаби гузашта президенти Австрия Хайнтс Фишер бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Субҳи имрӯз мулоқоти хоссаи ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар буда, сипас мулоқоти васеи ҳайатҳои ҳарду кишвар баргузор хоҳанд шуд.

Баъд аз анҷоми гуфтушунидҳо маросими ба имзо расонидани санадҳои дуҷониба сурат мегирад. Доир ба натиҷаҳои сафари расмии президенти Австрия ба Тоҷикистон изҳороти сарони ду давлат дар назди намояндагони ВАО дар назар дошта шудааст.

Нимаи дуюми рӯз дар барномаи сафари расмии президенти Австрия ҳамчунин мулоқоти хоссаи ӯ бо раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ваа сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов пешбинӣ шудаанд. Ҳамчунин меҳмони олиқадр дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон гулчанбар гузошта, аз Осорхонаи миллии бостоншиностии Тоҷикистон ва масҷиди марказии шаҳри Душанбе боздид хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Австрия 25-уми марти соли 1992 роҳандозӣ шуда, соли 1997 дар Вена сафоратхонаи Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Санаи 7-уми июни соли 2011 сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Австрия сурат гирифта буд.

Қобили зикр аст, ки соли 2012 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Австрия 5 180,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Австрия асосан нахи пахтаву алюминий буда, маҳсулоти воридотӣ аз Австрия аз маводи доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, шакар, асал, агрегатҳо барои коркарди маҳсулот иборат мебошад.