Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири Британияи Кабир дар ҶТ Робин Орд-Смит созишномаи байнидавлатӣ дар бораи таъмини транзити амволи бритониёӣ аз Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистонро ба имзо мерасонанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Робин Орд-Смит дар ин робита хабар дод, тибқи санади мазкур, тавассути қаламрави Тоҷикистон на танҳо техникаву муҳимоти низомӣ, балки таҷҳизоти корӣ низ интиқол дода мешаванд.
«Мо аз Тоҷикистон дархост мекунем, ки барои хурӯҷи амволамон аз Афғонистон тавассути роҳи ҳавоиву заминӣ имкон фароҳам созад», - иброз дошт ӯ.
Сафир таъкид намуд, ки тавассути қаламрави Тоҷикистон танҳо амволи Британияи Кабир интиқол мегардад. «Оид ба хурӯҷи хизматчиёни низомӣ тариқи қаламрави Тоҷикистон мо гуфтушунид накардаем», - гуфт Робин Орд-Смит.
Ба қавли дипломат тайи 10 соли ахир дар Афғонистон техникаи низомиву таҷҳизоти кории зиёди Британия ҷамъ шуда, ҷараёни хурӯҷи онро то баровардани нерӯҳои низомӣ мебояд ба итмом расонид.
«Дар созишномае, ки имрӯз ба имзо мерасад, дар бораи ба Тоҷикистон додани амволи Британия сухан намеравад ва масъалаи ба ихтиёри ҷумҳурӣ супурдани қисмате аз техникаи низомӣ дар вохӯрии вазирони мудофиаи кишварҳо ахири моҳи апрел баррасӣ хоҳад шуд», - афзуд дипломат.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста