Чанде қабл вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо раиси Маҷлиси шӯрои мамлакат Абдулло ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх дар бинои Маҷлиси Шӯро сурат гирифт.

Бино ба иттили Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳангоми сӯҳбат чанде аз масъалаҳои вобаста ба густариш додани робитаҳои байнипарламонӣ, аз ҷумла, таъсис додани гурӯҳи дӯстии байнипарламонӣ, мубодилаи ҳайъатҳои вакилон ва анҷом додани сафарҳои расмӣ ва корӣ аз ҷониби Раисони парламентҳои ҳар ду кишвар мавриди табодули назар қарор гирифтанд.