Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз як гурӯҳи шахсони воломақоми расмии кишварҳои хориҷӣ – иштирокчиёни ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушдро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат бо муовини сарвазир, вазири молияи Давлати Кувайт Мустафо Ясим ал Шамолӣ масоили ҳамкории ду кишвар, пеш аз ҳама дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Як зумра санадҳои ҳамкории дуҷониба, ки зимни сафари давлатии қарибулвуқуи Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт бояд ба имзо расанд, ба мувофиқа расид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин сафар ва натиҷаҳои умедбахши он ба рушди бесобиқаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судовар такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар мулоқот бо президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ масоили тақвияти ҳамкорӣ бо ин бонки соҳибнуфузи олам баррасӣ шуд.

Дар вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон вазири молияи Бангладеш Абулмаол Муҳит бо таваҷҷуҳи хоса ба захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон, аз ҷумла обу энергетика, маъданҳои кӯҳӣ ва алюминий ба ташкили ҳамкории густурдаи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Бангладеш изҳори ҳавасмандӣ кард.