Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо даъвати Маркази омузишҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Туркия дар Конгреси 23-юми Созмонҳои исломии ҷаҳон таҳти унвони «Олами ҷадид ва низоми сиёсии одил»дар шаҳри Истамбул ширкат ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, раиси ҲНИТ дар суханронии худ атрофи чанд масъалаи доғи олами Ислом, аз ҷумла дар масъалаи ҳалли низоъҳо аз тариқи гуфтугӯ ва ҳамдигарфаҳмӣ назарҳои худро ироа карда, пешниҳодҳои мушаххас дод.

Зимни суханронӣ Муҳиддин Кабирӣ таъкид кард: «Имрӯз аксари тарафҳои даргир дар Сурия розӣ ҳастанд, ки сари мизи гуфтугӯ бинишинанд ва пеши роҳи хунрезӣ гирифта шавад. Чаро ин иқдом як сол пеш гирифта нашуд, то ҷони ҳазорҳо инсон ҳифз шавад?».

Раиси ҲНИТ созмонҳои исломӣ, ба хусус, созмонҳои сиёсиро ба сабру таҳаммул ва устуворӣ дар масири интихобкардаашон даъват кард ва онро муассиртарин василаи пирӯзӣ донист.

Муҳиддин Кабирӣ мутмаин аст, ки «сабр ба маънии тарс нест, ба маънии камфаъолиятӣ ва карахтӣ нест, балки сабр ин устувориву ҳаракат дар роҳи интихобкардаи хеш бо дода нашудан ба ҳама гуна фитна ва эҳсосот мебошад, ки иғвогариҳориҳоро пешгирӣ мекунад».