Чанде қабл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сиёсии Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар баррасӣ шуда, он буҳронӣ арзёбӣ шуд.
Дар изҳороти интишоршудаи ҲДТ дар ин робита зикр мегардад, ки «албатта, мо гуфтан намехоҳем, ки вазъи феълии кишварро бояд аз ҳад зиёд бӯҳронӣ тасвир кард вале, бовуҷуд, дар назардошт бо рӯйдодҳои ахир ва бархӯрдҳо ба онҳо, ҳамчунин инъикоси ин ҳодисаҳо тариқи воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи мамлакат, ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар сурати ба хулосаи дуруст ва саривақтӣ наомадани нерӯҳои сиёсии кишвар, назари бетафовутона доштани ниҳодҳои ҳукуматӣ ба ҳолати мавҷуда, ахиран бо вазъияте рӯ ба рӯ омаданамон имкон дорад, ки паёмадҳои он барои касе маълум нахоҳад буд».
«Бахусус дар соле, ки Тоҷикистонро маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи президенти Тоҷикистон интизор аст, имкони истифода ва суистифода аз ҳар ҳодиса ва рухдодҳои дохилӣ аз ҷониби нерӯҳои фурсатталаб, ҳангомаҷӯи ватанӣ ва хориҷӣ вуҷуд дорад», - баён мегардад дар изҳорот.
Ҳизби демократии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки имрӯз зарурати ба ҳам омадану сари гуфтушунид нишастани нерӯҳои сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст.
«Нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон, ки дар дохил фаъолият доранд, вазъи умумии кишварро ба хубӣ медонанд ва онро таҳлил карда ҳам метавонанд. Аз ин рӯ, ҳар нерӯи дигареро, ки аз хориҷи кишвар мехоҳад ба рӯйдодҳои Тоҷикистон таъсир гузорад, ба сифати воситаи таъсиррасони кишварҳои хориҷӣ қабул намуда, онҳоро эътироф намекунанд. Имонамон комил аст, ки мо – нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ як принсипи умумӣ дорем: Хонаамонро мо худамон обод мекунем, фақат бо ҳам!», - изҳор медорад Шӯрои сиёсии ҳизб.
ҲДТ пешниҳод месозад, ки бояд муколамаи нерӯҳои фаъоли сиёсӣ дар чорчӯбаи як созмон ва доимӣ сурат бигирад. «Бегуфтугӯ Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки беш аз 15 сол фаъолият дорад, метавонад минбаре барои муколамаҳои мо бошад. Дуруст аст, ки бо сабабу ҳолатҳои гуногун нерӯҳои сиёсии кишвар ба ин созмон бархӯрдҳои мухталиф доштанд ва дар натиҷа қисмате аз ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои сиёсӣ – иҷтимоӣ фаъолияти худро дар ин созмон қатъ карданд. Аз ҷумла, раҳбарияти пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон», - омадааст дар изҳорот.
Дар идома гуфта мешавад, фаъолият дар доираи Шӯрои ҷамъиятӣ метавонад барои ҳамагон фурсати хуби ҳалли мушкилот ва шунидани ҳарфи ҳамдигариро фароҳам орад. «Дар робита, ҲДТ чанде пеш дархости аз нав ба даст овардани узвият дар Шӯрои ҷамъиятиро карда буд ва зимнан, аз ҳамаи аҳзоби дигари сиёсӣ, ки фаъолияти худро дар ин созмон қатъ карда буданд, вале ояндаи Тоҷикистон барояшон муҳим аст, низ даъват мекунем, ки ба фаъолият дар доираи Шӯрои ҷамъиятӣ баргарданд», - изҳор мегардад дар изҳорот.
Ҳамчунин Ҳизби демократии Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки мебояд мақоми Шӯрои ҷамъиятиро тағйир дода, онро бо Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон иваз намуд. «Дар ин сурат, мақому арзиши тасмимҳои ин Шӯро барои ниҳодҳои давлатӣ, институтҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бамаротиб болотар хоҳад рафт», - қайд гардидааст дар изҳорот.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста