Рӯзи 6-уми июн журналисти мустақили тоҷик Сафват Бурҳонов гуруснанишинии бемуҳлати сиёсӣ эълон кард.

Дар изҳороти интишоршуда дар шабакаи Facebook ин тасмими худро С.Бурҳонов норозигӣ аз вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар маънидод мекунад.

Ба навиштаи журналист, ӯ бо камоли масъулият ва дарки пайомади рафтори худ гуруснанишинии бемӯҳлати сиёсӣ эълон мекунад.

«Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро, ки давоми солҳои истиқлолият мушоҳида мекунам, ба тадриҷ рӯ ба қафо меорад. Дар ин давом инсон чеҳраи худро ҳамчун мавҷуди олӣ аз даст дод. Инсон дар кишвари ман ба махлуқи беҳуқуқ табдил ёфт. Кулли сохторҳои давлатӣ фалаҷ шуда, ба рукуди бебозгашт гирифтор шудаанд.

Коррупсия тамоми қишрҳои ҷамъиятро пахш кардааст. Сохторҳо ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон низ умуман аз вазифаҳои худ фаромӯш кардаанд. Онҳо низ фасодолуда шудаанд», - менависад рӯзноманигор.

Бо дарки вазъи зиндагии кишвар ва барои ислоҳи мушкилот дар доираи гуруснанишинии худ рӯзноманигор чунин талаботро пеш овардааст:

1) Ҳайати бебарори роҳбарияти сохторҳои иқтисодии кишвар пурра нав карда шавад;

2) Кишвар бояд аз бунбасти сунъӣ, ки нишонаи бебарории сиёсати хориҷист, бароварда шавад;

3) Реформаи оҷили Қувваҳои мусаллаҳ гузаронида шавад;

4) Роҳбарияти кишоварзӣ ва об нав карда шуда, барномаи коршоями кишоварзӣ ва ирригатсионӣ таҳия шавад, замин ба деҳқон бояд воқеан тааллуқ дошта бошад;

5) Ҳукумат бояд сиёсати давлатии муносибат бо моликияти интеллектуалиро солим гардонад;

6) Раванди шармовар ва қонункуши муҳоҷират – ғуломии шаҳрвандон бояд баҳогузорӣ шуда, давлат аз ҳуқуқҳои шаҳрвандонаш пуштибонӣ кунад;

7) Роҳбарони дар курсиҳои давлатӣ шахшуда, гирифтори рукуд гаштаро бояд иваз кард;

 8) Маблағҳои аз Тоҷикистон ғоратшуда, дар бонкҳои хориҷӣ пинҳонкардаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан бояд баргардонда ва моликияти ғайриманқули дар хориҷа харидаи онҳо миллӣ карда шаванд;

9) Созмонҳои байнулмилал ҳайати фасодзадаи тоҷикистонии худро бояд нав кунанд;

10) Қонунҳо бояд дар навбати аввал манфиати инсонро ҳимоя кунанд;

Сафват Бурҳонов журналисти мустақил буда, қаблан дар нашрияҳои мустақиле чун «Нерӯи сухан» ва «СССР» фаъолият дошт. Муассиси созмони «Салом» мебошад, ки фаъолияти он ба нармсозии муносибатҳои миёни Душанбеву Тошканд нигаронида шудааст.

Худи журналист ба ОИ «Азия-Плюс» сабаби хеле пештар, яъне дар давраи печидатар шудани ин мушкилоти зикршуда неву маҳз дар ин замон ба гуруснанишинӣ даст заданашро шарҳ надод.