Зимни шарҳу тавзеҳ ва ба баррасии вакилони палати поёнии парлумон пешниҳод кардани лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» вакили парлумон, раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов иброз дошт, ки агар дар бахши сарфаҷӯии энергия ва самаранокии энергия чораҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, дар ояндаи наздик ҳам Тоҷикистон асосан давлати содиркунандаи ашёи хом ва воридкунандаи маҳсулоти саноатию ғайрисаноатӣ боқӣ монда, ҳамчунин ҳамеша дар буҳрони энергетикӣ қарор хоҳад дошт.

Шабдолов яке аз муаллифон лоиҳаи қонуни мазкур буда, таъкид намуд, ки бо чунин исрофкории истифодаи энергия дар кишвар, ки характери оммавӣ касб кардааст, ҳатто бунёди даҳҳо нерӯгоҳҳои нав Тоҷикистонро аз буҳрони барқи тайи 20 соли ахир домангир раҳо карда наметавонад.

Муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов муҳимияти лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ қарордоштаро таъкид намуда, зикр кард, ки ин қонун асосҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқии масъалаи сарафҷӯии энергия дар ҷумҳуриро муқаррар месозад. «Сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми бахшҳои иқтисод ва хоҷагии коммуналии кишвар иҷрои бандҳои қонун ҳатмианд», - гуфт муовини вазир.