Бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи фароғатии шаҳри Қайроққум маркази солимгардонии ҷавонон ва кӯдакони Шоҳин, ки дар заминаи собиқ фароғатгоҳи Уқобча–и корхонаи воҳиди давлатии Востокредмет бунёд ёфтааст, ифтитоҳ ёфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, навсозии куллӣ ва дубора ба истифодаи васеъ додани ин иншооти истироҳатию солимгардонӣ бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Маркази солимгардонии ҷавонон ва кӯдакони Шоҳин дар масоҳати умумии 19 га доман паҳн намуда, аз биноҳои дуошёнаи маъмурият, хобгоҳ, бинои таълимӣ, ошхона, майдончаи бачагона, се ҳавзи шиноварӣ, майдони футбол, амфитеатр ва ҳашт хобгоҳи тобистонаи якошёна иборат мебошад. Ин иншооти истироҳатию солимгардонӣ, ки бо тарҳи зебою дилкаш дорои шароити хуби замонавӣ гардидааст, дар як вақт метавонад наздики 600 нафар кӯдакону наврасонро фаро бигирад.
Корҳои ободонию кабудизоркунии марказ минбаъд низ идома хоҳанд ёфт. Соли равон дар ҳудуди он наздики 10 ҳазор бех дарахтҳои ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шудааст.
Тибқи супоришу ҳидоятҳои сарвари давлат оянда дар ҳудуди ин марказ толори варзишӣ, аквапарк, маркази компутерӣ ва дигар биною инфрасохтори иловагӣ бунёд хоҳад ёфт.
Ба ифтихори ифтитоҳи марказ ва ташрифи Эмомалӣ Раҳмон истироҳаткунандагони он барномаи зебою дилнишини фарҳангӣ намоиш доданд.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста