Ҳайати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар роҳ ба сӯйи Хоруғ мавриди таъқиб қарор гирифта, як узви он латукӯб шудааст, иттилоъ медиҳад торнамои ин ҳизб .
Дар ин хабари фаврӣ омадааст: Шоми 15-уми августи 2013 соати 20:39, Зарафо Раҳмонӣ - узви ҳайати ҲНИТ, ки феълан барои шиносоии вазъ дар Бадахшон қарор дорад, гуфт, ки як гуруҳи ношиноси савор дар старекси берақам мошини ҳайатро, ки аз Рушон ба тарафи шаҳри Хоруғ ҳаракат дорад, манъ карда, ҳудуди 12 мард бо либосҳои варзишӣ аз старекс баромада, Саодатшо Адолатшоев, ноиби раиси шуъбаи ҲНИТ дар Бадахшонро, ки ҳайати эъзомшудаи ҲНИТ-ро ҳамроҳӣ мекард, мавриди латукуб қарор доданд.
Хонум Раҳмонӣ афзуд: “Ман суҳбати зиёд карда наметавонам, зеро вазъият хеле бад аст ва мо дар ҳоли ҳозир бо суръат (дар мошини ҳайат) ба тарафи шаҳри Хоруғ равон ҳастем.”
Чанде пештар Зарафо Раҳмонӣ, мушовири раиси ҲНИТ оид ба ҳуқуқ ва узви ҳайати 5-нафараи ҲНИТ, ки ба хотири шиносоии вазъ рӯзи 13-уми август аз Душанбе ба Бадахшон эъзом шудааст, дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки фишор ҳамоно болои роҳбарият ва аъзои ҲНИТ дар вилояти Бадахшон давом дорад.
Хонум Раҳмонӣ қайд кард, ки дар Дарвоз мақомоти вазорати дохилаи ноҳия ронандаи мошине, ки ҳайати ҲНИТ-ро мебурд, мавриди бозҷӯӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар сӯҳбати ихтисосӣ ба Хабаргузории «Азия-Плюс» пиромуни изҳороти собиқ иҷрокунандаи вазифаи раиси бахши ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов, ки 5-уми август аз шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуд, гуфт, ки як ҳайати ҳизбӣ барои санҷиши масоили матраҳшуда ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меравад.
«ҲНИТ тасмим гирифт, ки як ҳайатро бо раҳбарии муовини раиси ҳизб ба Бадахшон бифиристад ва тамоми масъалаҳое, ки дар баёноти ин бародар ҷой доштанд, бояд ки мавриди санҷиш қарор бигирад. Агар камбудиҳое бошанд, ислоҳ шаванд ва бубинем, ки то кадом дараҷа гуфтаҳои ин бародар воқеият дорад», - изҳор дошт Кабирӣ.




Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста