Ҳайати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бо мақсади омӯзиши вазъ атрофи бахши ҳизб дар ВМКБ дар ин вилоят қарор дорад, пас аз мавриди таъқибу лату кӯб қарор гирифтан шоми 15-уми август, бо ариза дар бораи ин ҳодиса ба шуъбаи милиса муроҷиат намуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода хабар дод, дарҳол пас аз ин ҳодиса аъзои ҳайат ба шуъбаи милисаи шаҳри Хоруғ ва ҳамчунин Раёсати ВКД ҶТ дар ВМКБ муроҷиат кардаанд.

«Субҳ бо аъзои ҳайат мо суҳбати телефонӣ доштем ва онҳо хабар доданд, ки алҳол вазъ хуб буда, ин ҳодиса дигар такрор нашудааст. Дар шуъбаи милиса ба онҳо хабар додаанд, ки гӯё онҳо шахсонеро, ки шоми 15-уми август ба онҳо дарафтода ва муовини раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ Саодатшо Адолатшоваро лату кӯб карданд, дарёфт намудаанд, ному насаби онҳоро нагуфтаанд», - гуфт Сайфуллозода.

Аммо ӯ аз эҳтимол дур намедонад, ки афроди зикршуда бо розигии хомӯшонаи мақомоти расмӣ амал кардаанд, зеро то ҳанӯз болои аъзо ва роҳбарони бахшҳои ҲНИТ дар ВМКБ фишори шадид идома дорад.

«Чанде қабл роҳбари бахши ҲНИТ дар Рӯшон Амирбек Каёмбеков хабар дод, ки аз ӯ низ талаб кардаанд, ки аз роҳбарии бахши ҳизб даст кашида, мисли роҳбари бахши ҳизб дар Хоруғ Асрор Булбулов тариқи телевизион алайҳи ҲНИТ суханронӣ кунад, вале Каёмбеков посух додааст, ки  ӯ метавонад дгиар роҳбари бахши ҳизб набошад, вале алайҳи ҳизб дар телевизион суханронӣ намекунад. Ба гуфтаҳои боло ин гувоҳ буда метавонад», - мегӯяд Сайфуллозода.

Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки  айни замон ҳайати ҲНИТ дар Ишкошим қарор дошта, шояд аллакай 17-уми август аз натиҷаҳои сафар ба ВМКБ барои журналистон нишасти матбуотӣ барпо кунанд.

Ёдрас мекунем, ки 15-уми август бо такя ба гуфтаҳои мушовири ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ дар торнамои расмии ҲНИТ итттилоъ пахш гардид, ки ҳайати ҲНИТ дар роҳ ба сӯйи Хоруғ мавриди таъқиб қарор гирифта, як узви он латукӯб шудааст.

Ёдовар мешавем, ки раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар сӯҳбати ихтисосӣ ба Хабаргузории «Азия-Плюс» пиромуни изҳороти собиқ иҷрокунандаи вазифаи раиси бахши ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов, ки 5-уми август аз шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуд, гуфт, ки як ҳайати ҳизбӣ барои санҷиши масоили матраҳшуда ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меравад.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили парлумони Тоҷикистон аз ҲХДТ Суҳроб Шарифов дар ин робита изҳор намуд, ки ҳама гуна таъқиби аҳзоби мухолиф ғайриқонунӣ аст. «Дар мавриди таъқиби мухолифин ман бар асоси қонун мавқеъгирӣ мекунам. Аз рӯи мисолҳои мушаххас тафтиш ҷараён дошта, дар сурати ҷой доштани чунин ҳодисаҳо дар воқеъияти мо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд аз онҳо ҷилавгирӣ намоянд», - иброз дошт вакил.