Натоиҷи Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд дар Душанбе роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи умумии СММ пешниҳод мегарданд, ки моҳи сентябри соли равон баргузор мешавад.
Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз рӯи натиҷаҳои конфронс лоиҳа санади марҳилавии амал қабул шудааст, ки дар муддати ду ҳафта ба ҳамаи кишварҳои узви СММ фиристода мешавад.
Дар баёнияи қабулшуда дар конфронс зикр мегардад, ки идоракунии захираҳои обии фаромиллӣ дар сатҳи ҳавзаҳо асоси рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар маҷмӯъ ба аз байн бурдани камбизоативу гуруснагӣ, таъмини солимии ҷомеа, амнияти ғизоиву энергетикӣ, ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди устувори шаҳру деҳот ва мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим мусоидат мекунад.
«Мо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро ба баррасии имкони қабули иқдомоти иловагӣ бо мақсади таъмини афзалияти ҳар кас барои истифодаи об дар асоси боадолату муштарак ва устувор ва таъмини дастрасии он даъват мекунем», - гуфта мешавад дар баёния.
Ба гуфтаи Оқилов, дар конфронси дурӯзаи Душанбе беш аз 1 ҳазор нафар иштирок карданд, ки ҳудуди 40 давлат ва 60 созмони байнулмилаливу минтақавиро намояндагӣ карданд.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста