Шоми рӯзи 11-уми сентябр зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Мо бовар дорем, ки муносиботи бисёрҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ чун намунаи ибратбахши таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ боқӣ монда, ба манфиатҳои аслии кишварҳои мо ва мардумони онҳо хизмат хоҳанд кард”.
Нурсултон Назарбоев Қазоқистонро “шарики дуюми тиҷоратии Тоҷикистон” дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз Федератсияи Русия номида, зикр намуд, ки кишвараш “ҳамеша дар паҳлӯи Тоҷикистон қарор дошт ва минбаъд низ чунин муносибат идома хоҳад дошт”.
Дар идомаи суҳбат фаъолияти бештару назарраси Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкорӣ ва беҳсозии шароити кории Хазинаи сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон зарур шумурда шуд. Тавре зикр гардид, Хазинаи сармоягузории мустақими ду кишвар ҳанӯз соли 2008 таъсис ёфта буд, вале то ҳол фаъолияти назаррас надорад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки зимни таҳия ва пешниҳоди санадҳои нави ҳамкории миёни Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла шароити баҳрабардорӣ аз захираҳои молиявии хазинаи мазкур барои соҳибкорон ҷолибтар хоҳанд шуд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба ҳамгироии судбахши Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳам атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста