Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон дар вилояти Суғд беш аз 3 ҳазор нафар сокинони вилоят ба аъзогии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шумори бештари ба сафҳои ҳизб пайвастагон дар шаҳри Хуҷанд - 1200 нафар, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 900 нафар, Истаравшан - 600 нафар ва Конибодом - 342 нафар ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Дар зарфи 10 моҳи соли равон 9 ҳазор нафар ба аъзогии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пазируфта шудаанд, ки пешвои он президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Шумори умумии аъзои ҲХДТ дар вилдояти Суғд 83 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ба сафҳои ҲХДТ аз ҳама бештар кормандони бахшҳои бонкӣ, маориф, тиб ва соҳибкорон аъзо мешаванд. Аз шумори умумиии аъзои ҳизб 43 ҳазору 500 нафарашонро занон ва 30 ҳазор нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд.