Зимни мулоқоти рӯзи 14 марти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Того дар Тоҷикистон Муҳаммад Саъд Оуро-Самар масоили роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳо миёни Тоҷикистону Того дар бахшҳои мавриди таваҷчуҳи тарафайн таваҷчуҳи хосса зоҳир намуданд.

«Ҳамчунин атрофи масоили ҳамкориҳо миёни кишварҳо дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ табодули назари судманд сурат гирифт», - гуфтанд дар Вазорат.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи март дар сафорати Тоҷикистон дар Давлати Қувайт маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Того баргузор гардид.