Имрӯз, 31 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба бархе аз мансабдорони кунуниву пешина ва вакилони парлумон мукофоти давлатӣ супурд. Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии президент дар миёни мукофотбурдаҳо сиёсмадорони кӯҳнакори тими Эмомалӣ Раҳмон низ ҳастанд.
Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба беш аз 90 ходими давлатӣ - раҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, роҳбарони пешини парламент ва аъзои ҳукумати кишвар, медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон тақдим кардааст.
- Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 88 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, сарфароз гардиданд,- омадааст дар иттилои мазкур.
Манбаъи мо, аз Хадамоти матбуоти президент гуфт, ки ёвари президент дар умури равобити байналмилалӣ Аъзамшоҳ Шарифӣ ва сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президент Абдуҷаббор Сатторзода бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими мукофотсупорӣ аз мушкилоти 30 соли истиқлолият ёдоварӣ шуда, таъкид намудааст, ки дар он айёми пурфоҷиа хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик мавҷуд буд.
Дар аксҳое, ки Хадамоти матбуотии президент нашр кардааст, дида мешавад, ки аксарияти аъзои ҳукумати феълӣ, ба шумули сарвазир, муовинони сарвазир, вазирон ва раисони кумитаҳо ва собиқ аъзои ҳукумат, вакилони собиқу ҳозира аз дасти раисҷумҳур унвон мегиранд.
Аз ҷумла, дар миёни мукофотгирифтаҳо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода, сарвазир Қоҳир Расулзода, шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, сарвазири пешин Оқил Оқилов, сиёсатмадорони куҳнакори тими президент Талбак Назаров, Абдумаҷид Достиев, Ҳамрохон Зарифӣ, муфтии кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода, академик Акбар Турсон, шоирон Аскар Ҳакиму Меҳмон Бахтӣ, нависанда Кароматулло Мирзоев ва дигар чеҳраҳои шинос дида мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста