Президенти Русия Владимир Путин имрӯз, 28 июн ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад, хабар медиҳад Кремл.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо дар Душанбе масоили рӯзмарраи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва рушди минбаъдаи онҳо дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор мегиранд, омадааст дар сомонаи президенти Русия.
Ҳамчунин гуфта мешавад, зимни гуфтушунид сарони кишварҳо оид ба мушкилоти минтақавӣ бо шумули вазъият дар Афғонистон табодули назар хоҳанд кард.
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ба рӯзноманигорон хабар додааст, ки дар роҳи сафар ба нишасти кишварҳои Назди Каспий дар Ашқобод Владимир Путин дар Душанбе таваққуф мекунад, хабар медиҳад Интерфакс.
Песков илова намудааст, ки вохӯрии Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон як ба як доир мегардад. Аз рӯи натоиҷи он ҳеҷ гуна изҳороте пахш нашуда, имзои санадҳо ҳам дар назар нест.
Хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, ки оғози суҳбат барои намояндагони ВАО кушода хоҳад буд. Баъдан сарони кишварҳо гуфтугӯро сари мизи хӯроки нисфирӯзӣ дар вазъи ғайрирасмӣ идома медиҳанд.
Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст, ки ба ҷуз масоили дар боло зикршуда, зимни гуфтушунид масъалаи ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) пайвастани Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт, хабар медиҳад Российская газета.
Хабаргузории РБК хотиррасон менамояд, ки ин сафарҳо (ба Душанбе ва Ашқобод) аввалин сафарҳое мебошанд, ки Владимир Путин пас аз оғози амалиёти махсус дар Украина анҷом медиҳад. Бори охир Владимир Путин аввали моҳи феврал ба хориҷа сафар карда, дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона дар Чин ширкат варзида буд.
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Охири ҳафта борони шадид меборад ва раъду барқ мешавад. Огоҳии КҲФ ба сокинони кишвар
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста