Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷиктабори Қирғизистон аз роҳбарии Агентии миллии сармоягузории ин кишвар канор рафтааст. Ӯро дар ин вазифа Умбриэл Темиралиев иваз намудааст.
Сомонаи расмии президенти Қирғизистон дар шарҳи барканории Собиров навиштааст, ки ӯ бо хоҳиши худ аз мақомаш рафт.
Хабари бо хоҳиши худ аз вазифа рафтани як сиёсатмадори тоҷиктабори Қирғизистон дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз таъқибу фишор болои тоҷикони ин кишвар дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон изҳорот нашр кард.
Ин ниҳод гуфта буд, ки иттилое вуҷуд дорад, ки мақомоти Қирғизистон мехоҳанд беш аз 500 донишҷӯ аз Тоҷикистонро, ки дар мактабҳои олии вилояти Ӯш таҳсил мекунанд, ихроҷ кунанд.
“Вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъқиби шаҳрвандонаш ва тоҷикони муқими Қирғизистонро натиҷаи мустақими маъракаи дар он кишвар авҷгирифтаи аз Тоҷикистон сохтани симои душман мешуморад ва аз мақомоти Қирғизистон талаб мекунад, то барои роҳ надодан ба чунин таъқиботи тоҷикҳо дар қаламраваш чораҳои оҷил андешад”, - гуфта мешавад дар изҳорот.
Равшанбек Собирови 52-сола яке аз камтарин сиёсатмадорони тоҷиктабори Қирғизистон аст, ки дар гузашта раҳбарии созмони тоҷикони Қирғизистонро ба ӯҳда дошт ва соли 2011 нахустин вазири тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон буд.
Ӯ соли 2013 боздошт ва бо ҷурми ришваситонӣ ба зиндон маҳкум шуд. Собиров, ки ҳамеша парвандаашро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва сохаткорӣ донистааст, моҳи марти соли 2014 бар асоси қонуни афв раҳо гардид.
Равшанбек Собиров соли 1970 дар оилаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Уши Қирғизистон ба дунё омадааст.
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат. Хонандагон ҳафтаномаи “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста