Пас аз 7 соли қатъи равобити дипломатӣ миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ, ки дар пайи куштори як рӯҳонии шиамазҳаб дар Риёз ва ҳуҷум ба сафорати Арабистон дар Теҳрон иттифоқ афтод, ин ду кишвар муносибатҳои дипломатии худро бо миёнҷигарии Чин барқарор карданд.

Ҳамакнун, мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ин ду кишвар, ки тайи 7 сол аз ҳам канорагирӣ мекарданд ва якҷо суҳбат кардани сафирони ин давлатҳо дар кишварҳои сеюм, ҳамчунин, ташрифи ҳайати Арабистони Саудӣ ба Эрон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки “ях” миёни ин ду бозигари муҳими минтақавӣ об мешавад.

Барқарор шудани равобити Эрон ва Арабистони Саудӣ ба Осиёи Миёна чӣ таъсир метавонад расонад. Дар ин бора сиёсатшиноси тоҷик Шералӣ Ризоён андешаашро дар телеграм-канали худ “Андешакада” нигоштааст, ки онро пешкаши хонандагон менамоем.

Муловоти аввалини вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Арабистони Саудӣ
Акс аз AP

Моҳи марти соли равон Эрон ва Арабистони Саудӣ бо миёнчигарии Чин равобити дипломатии худро барқарор намуданд. Рӯзи 5-уми апрел вазирони корҳои хориҷии ин ду кишвар баъди 7 сол дар Пекин дидор карданд. Баъдан, силсилаи хабарҳое дар расонаҳои ҷаҳонӣ нашр шуданд, ки ин давлатҳо барои густариши муносибатҳо иқдомҳои амалиро рӯйи даст гирифтанд.

Саҳифаи тоҷикии Гуруҳи расонаҳои “Asia-Plus” хабар дод, ки 14-уми март Душанбе мавқеи худро бо нашри баёния изҳор дошт: “Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тавофуқи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ин ду кишвар истиқбол намуда, онро қадами муҳим дар ростои таҳкими субот дар минтақаи Ховари Миёна арзёбӣ мекунад”.

Таниш аз куҷо оғоз гардид? Шарҳи кӯтоҳи мавзӯъ

Соли 2016 бинобар ихтилофи шадид Теҳрон ва Риёз муносибатҳои дипломатиро қатъ карданд. Чун ба ғайр аз сабаби расмӣ, силсилаи омилҳое ба назар мерасиданд, ки ин кишварҳо зиддияти амиқ доранд. Дар натиҷа, ихтилофу рақобати онҳо дар давлатҳои ҷангзада ва минтақаҳои дигар ба назар расид. Дар фазои расонаии Тоҷикистон “таниш”-и лафзии сафирони ин кишварҳо мушоҳида шуд. Сафири Арабистони Саудӣ ба як расонаи Тоҷикистон мусоҳиба дод ва посухи сафири Эрон низ нашр гардид. Арабистони Саудӣ ва Эрон давлатҳои муҳиму таъсиргузори ҷаҳони ислом ҳастанд. Яке барои таблиғи мазҳаби суннӣ ва дигаре барои таблиғи мазҳаби шиа маблағҳои ҳангуфтро сарф мекунанд, гурӯҳҳои мухталифи диниро дастгирӣ ва маблағгузорӣ менамоянд, инчунин барои рақобат бо якдигар расонаҳо ва пойгоҳҳои зиёди интернетиро созмон додаанд.

Эътироз дар Эрон бо аксҳои Нимр ал-Нимр, рӯҳонии эъдомшуда
Акс аз AP

Инак, бо миёнчигарии Чин барқарор гардидани муносибатҳои байнидавлатии ин ду кишвар, сатҳу сифати комилан дигари дипломатияи Пекин, Теҳрон ва Риёзро ба намоиш гузошт. Бешубҳа, дар равандҳои минбаъдаи Ховари Миёна ҷойгоҳи Чин барҷаста мешавад ва меъмории геополитикии ин минтақа дар ҳоли таҳаввул аст. Беҳтаргардии равобити Эрон ва Арабистони Саудӣ ба манфиатҳои роҳбурдии ИМА ва Исроил мухолифат доранд. Аз ин рӯ, то куҷо Теҳрон ва Риёз ба созиши худ устувор боқӣ мемонанд, норавшан аст.

Пайомади барқароршавии муносибати дипломатии Эрону Арабистони Саудӣ

Барқароршавии муносибатҳои дипломатии Эрон ва Арабистони Саудӣ барои Осиёи Марказӣ чӣ паёмад дорад? Дарёфти посух ба ин суол мушкил аст, вале зикри чанд нуктаро муҳим мешуморем:

Якум, аз аввали солҳои 2010-ум эҳсос мешуд, ки Эрон ва Арабистони Саудӣ дар фазои иттилоотӣ рақобатҳо доранд. Он пеш аз ҳама дар бархӯрди тарвиҷгарони мазҳабҳои суннӣ ва шиа эҳсос мегашт. Аз ин рӯ, поёни таниши ин ду кишвар ба фазои иттилоотии мо низ метавонад таъсир расонад, чун ихтилофи байнимазҳабӣ дигар барҷаста нишон дода намешавад (эҳтимол ин сенария амалӣ нашавад, чун ба нафъи тарвиҷгарон нест).

Дуюм, беҳтаргардии равобити Эрон ва Арабистони Саудӣ даричаеро барои коҳиши ихтилоф дар ҷаҳони ислом мекушояд. Гуфтушунид ва ба назар гирифтани мавқеъ ва манфиатҳои якдигар, эҳтимол ба буҳронҳои давомдори кишварҳои мусалмоннишин таъсир расонад. Нуктаи мазкур фурсатеро барои коҳиши ифротгароӣ меофарад ва таъсири мавҷи он ба давлатҳои Осиёи Марказӣ низ мерасад.

Сеюм, эҳтимол муносибатҳои ин ду давлат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сифатан дигар шаванд. Чун рақобати байни ҳамдигари онҳо имкон намедод, ки аз тавонмандиҳои худ истифода намоянд. Аз соли 2020 то ин дам нуфузу таъсири Туркия дар Осиёи Марказӣ густариш ёфт. Агар Эрон ва Арабистони Саудӣ дар ҳамоҳангӣ сиёсатҳои худро Осиёи Марказӣ роҳандозӣ кунанд, пас ин “посухи чинӣ” ба сиёсатҳои тавсеаталабонаи Туркия дар минтақа хоҳад буд. Чун гуфтумонҳо дар доираи Созмони кишварҳои туркзабон дар бораи ваҳдати умумитуркӣ ба якпорчагии Русия, Чин ва худи Эрон таҳдидҳои муайянеро ба вуҷуд меоваранд.

Ба эҳтимоли зиёд сиёсати муштараки Эрон ва Арабистони Саудӣ дар масъалаи вазъи кунунии Афғонистон ва бархӯрд нисбат ба Толибон низ ба назар расад. Чун муҳтавои музокирот дар Пекин расонаӣ нашуд, вале тахмин намудан мумкин аст, ки он тамоми рӯзномаи муносибатҳои байнидавлатии Теҳрон ва Риёзро дар бар мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.