Дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар бораи гузаштан ба ҳисооббаробариҳо бо пулҳои миллӣ харитаи роҳ таҳия мешавад. Дар ин бора рӯзи душанбе дар шабакаи телевизиони “Беларус-1” муовини дабири кулли Созмон Григорий Логвинов хабар додааст.
“Харитаи роҳ ҷиҳати гузаштан ба ҳисоббаробариҳо бо асъори миллӣ мавриди таҳия қарор дорад. Ин кор осон нест, зеро мутаассифона, доллар ҳамчун асъори захиравии ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар низомҳои миллии асъор низ хеле амиқ мавқеъ дорад”, - иброз доштааст вай.
Ба гуфтаи Логвинов, барои комилан даст кашидан аз доллар, "ҳанӯз анҷоми корҳои зиёд ва тай кардани роҳи хеле дуру дароз лозим аст".
“Дар робита ба ҷорӣ шудани кадом як асъори ягонаи СҲШ ҳоло сухан намеравад, алҳол чунин вазифа гузошта нашудааст. Оянда маълум мешавад”, - зикр кардааст муовини дабири кулли СҲШ.
Айни замон давлатҳои зерин узви СҲШ мебошанд: Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Эрон расмиёти узвият ба Созмонро анҷом медиҳад. Афғонистон ва Муғулистон мақоми нозирро дар Созмон доранд.
Дар нишасти Созмон моҳи сентябри соли 2022 дар Самарқанд механизами пайвастани Беларус ба СҲШ оғоз гардид, ки аз аз соли 2015 мақоми нозирро дорад. Озарбойҷон, Арманистон, Миср, Камбоҷа, Қатар, Непал, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Шри-Ланка шарикони муколама мебошанд.
“Имдодхоҳии кӯдаконро шунида, худро ба хонаи оташгирифта задам”. Саидвалӣ Шарифов - муҳоҷири тоҷике, ки се кӯдаки русро аз сӯхтор наҷот дод, кист?
Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ
Фалсафаи маргу зиндагӣ ва дифои миллату забон. Ёде аз Лоиқ Шералӣ
Дар як бинои Вазорати мудофиа сӯхтор сар задааст
Музокироти бидуни таъхир ва ёддошти тафоҳум миёни Украина ва Русия. Суҳбати телефонии Трамп ва Путин бо чӣ анҷомид?
Global Report 2025: Тоҷикистон дар минтақаи хавфи озуқаворӣ қарор гирифт
Аз Театри ҷавонон то Мозандарони Эрон. Бардошти ҳунармандони тоҷик аз нақшофарӣ дар филми “Пойтахт”
ФИФА хариди футболбози навро ба дастаи “Равшан” манъ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 1
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста