Равобити кунунии Тоҷикистону Амрико ва дурнамои он. Оқибатҳои таҳримҳои эҳтимолӣ дар сурати кумак ба Русия. Чаро ИМА аз Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон ҳимоят намекунад? Вазъи демократия ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.
Ба ин ва дигар саволҳои “Азия-Плюс” Мануэл Микаллер, сафири нави ИМА дар Тоҷикистон посух дод.
- Ҷаноби сафир, ташаккур барои он ки вақт ҷудо кардед, то ба саволҳои мо посух гӯед. Шояд саволи аввалин анъанавӣ бошад, ба ҳар ҳол, мехостем фаҳмем, ки қабл аз ба Тоҷикистон омадан, дар хусуси давлати мо чӣ тасаввуроте доштед ва онро чӣ гуна дарёфтед?
- Пеш аз ҳама ташаккур ба шумо барои оростани сӯҳбат бо ман ва барои коре, ки ҳамчун рӯзноманигори касбӣ дар ин ҷо анҷом медиҳед.
Қабл аз ба ин ҷо омадан, манобеи мухталифи иттилоот - расмӣ, ҳукуматиро омӯхтам, бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот доштам, матолиби дар ВАО, аз ҷумла “Азия-Плюс” нашршударо назар кардам. Ҳамчунин, аз таҷрибае, ки замони қаблии фаъолияти хеш, яъне солҳои 2010-2013, андӯхта будам, истифода кардам.
- Дар сиёсати хориҷии ИМА Тоҷикистон кадом мавқеъро ишғол мекунад?
- Ман хеле ифтихор дорам, ки Иёлоти Муттаҳида дар қатори аввалин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Мо инчунин яке аз аввалин кишварҳое будем, ки дар ин ҷо намояндагии дипломатӣ таъсис додем.
Шарикии мо, дӯстии мо бо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон дерина ва пайваста мебошад ва мо минбаъд низ ин муносибатҳоро васеъ ва амиқтар мегардонем.
Дар тӯли муносибатҳои 31-солаамон танҳо ба Тоҷикистон тақрибан ба маблағи 2 миллиард доллари ИМА кумак расонидаем. Ин маблағ танҳо барои таъмини амният сарф нашудааст: маориф ва барномаҳои мубодила, ислоҳоти кишоварзӣ, дастгирии деҳқонон, тавонмандсозии занон, тандурустӣ ва кори муштарак барои аз байн бурдани вараҷа дар ин ҷо ва ба наздикӣ барои гузаштан аз пандемияи COVID-19.
Инчунин, дастгирӣ ва омӯзиш барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО мебошад. Кӯмак ва ҳамкорӣ идома дорад ва мо роҳҳои нави зиёд кардани дастгирии худро дар соҳаҳои гуногун меҷӯем.
- Оё шумо аз вазъи кунунии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар қаноатмандед? Шумо барои мустаҳкам намудани он чй гуна имкониятҳоро мебинед?
- Иёлоти Муттаҳида яке аз сармоягузорони бузургтарин дар Осиёи Марказӣ аст. Мо ба он манфиатдорем, ки рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ идома ёбад. Таъсири сиёсати иқтисодии ИМА дар Осиёи Марказӣ ин аст, ки ҷойҳои кории бештар таъсис ёбанд, нерӯи бештар истеҳсол шавад ва инноватсия бештар истифода шавад.
Паёми пайвастаи мо ба Тоҷикистон ва тамоми ҳукуматҳои минтақа ин аст, ки демократия, волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ба субот ва шукуфоии дарозмуддат мусоидат мекунад.
- Вақтҳои охир дар васоити ахбори омма дар бораи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Иёлоти Муттаҳида, бахусус убури сарҳад тавассути Мексика, баҳсҳои зиёде вуҷуд дорад. Оё шумо дар бораи убури ғайриқонунии марзи ИМА аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон маълумот доред? Ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нақшаи сафар ба Амрикоро доранд, чӣ тавсия медиҳед?
- Мо ба шумо тавсия медиҳем, ки ба омори Департаменти Амнияти Миллӣ (DHS) дар бораи кӯшишҳои убури сарҳад назар кунед.
Сиёсати ҳукумати ИМА аз он иборат аст, ки сафарҳои қонунии байналмилалӣ ва ҳаракати озоди тамоми миллатҳоро ба Иёлоти Муттаҳида осон ва хотирмон гардонад, аммо ин бояд мувофиқи шартҳои амнияти миллӣ ва ҷамъиятӣ, чӣ аз ҷиҳати маданию иҷтимоӣ барои тамоми ҷаҳон ва чӣ ба мақсадҳои иқтисодӣ бошад.
Зиёда аз 5 000 тоҷик хатмкунандагони барномаҳои мубодилавии ҳукумати ИМА мебошанд; мо нақша дорем, ки ин рақамҳоро зиёд кунем. Танҳо дар соли гузашта беш аз 1600 тоҷик имконияти сафар ба Амрикоро пайдо карданд ва чанде пеш мо шашмоҳагии аз тарафи сафорати мо додани раводиди муҳоҷиратиро ҷашн гирифтем, ки то ин дам садҳо раводиди муҳоҷиратӣ тасдиқ шудааст ва шумори онҳо босуръат меафзояд.
Демократия ва озодии сухан
- Дар нахустин мулоқоти худ бо рӯзноманигорон се самти асосиро зикр кардед: рушди иқтисодӣ, таҳкими соҳибихтиёрӣ ва амнияту рушди институтҳои идоракунӣ дар Тоҷикистон.
Барои шумо кадоме аз ин се самт афзалият дорад ва чаро миёни онҳо демократия ва ҳуқуқи инсон нест?
- Фикр мекунам, ки дар ҷараёни конфронси матбуотии худ ман дар бораи ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбат кардам, мулоқотҳои минбаъдаи оммавӣ доштам, ки дар он ҷо мо маҳз дар бораи ин масъалаҳо сӯҳбат кардем.
Вақте ки мо дар бораи афзалиятҳо ҳарф мезанем, мо бояд дарк кунем, ки муносибатҳо ва шарикии ИМА ва Тоҷикистон васеъ ва амиқанд ва мо бояд афзалиятҳои худро пурра дарк кунем.
Масалан, шумо зикр кардед, ки яке аз афзалиятҳои ман кумак ба рушди ниҳодҳои давлатӣ аст. Ман илова мекунам, ки дар баробари ин, рушди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ муҳим аст, аммо агар ба ниҳодҳои ҳукуматӣ баргардем, дар ин масъала ислоҳоти демократӣ бояд як ҷузъи асосии ин сӯҳбат бошад.
Мисоли дигари шарикии мо бо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамкориҳо дар масъалаҳои амниятӣ мебошад.
Иштироки мо дар ҳалли ин масоил, дастгирии соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии ҳудудии Тоҷикистон ва ҳимоят аз таҳдидҳои беруна танҳо як масъалаи амниятӣ нест. Ба ҷуз таҷҳизот ва омӯзиш, васоити иртиботӣ, мо бо ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба дархостҳои худи ҳукумати Тоҷикистон ва ҳадафҳои он оид ба амният ва субот дар ин ҷо ҳамкорӣ мекунем.
Ҳамчунин, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути рафъи сабабҳои аслии ифротгароӣ, дарёфти мувозинат, ки ҳамаи мо, ҳатто дар Иёлоти Муттаҳида, бо он мубориза мебарем. Мувозинат миёни ниёзҳои амниятӣ ва ҷомеаи устувори шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва кафолат додани он, ки мо ухдадориҳои дохилӣ ва байналхалқии худро иҷро мекунем.
- Дар Тоҷикистон чунин ба назар мерасад, ки иддае дар раванди истиқрори давлатдорӣ, таъмини амниятро аз ҳама арзишҳои дигар, аз ҷумла демократия ва ҳуқуқи башар болотар медонанд. Оё ин дуруст аст ё демократия ва ҳуқуқи инсон дар баробари таъмини амният барои давлатдорӣ муҳим аст?
- Ман чунин намешуморам. Амният, таҳкими соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзии ин кишвар, бартараф кардани таҳдидҳои амниятии он афзалияти мост. Ин афзалияти муштараки мо бо ҳукумати Тоҷикистон мебошад, аммо ин ягона афзалият ва ҳадафи шарикии мо бо ҳукумат нест.
“Маскав қудрати қатъи таҳримҳоро дорад”
- Дар нахустин мулоқоти худ бо рӯзноманигорони тоҷик гуфтед, ки агар кишварҳои ОМ, аз ҷумла Тоҷикистон қоидаҳои таҳрим зидди Русияро иҷро накунанд, метавонанд худ таҳрим шаванд.
То ин лаҳза оё ИМА далеле оид ба кӯмак кардан ё кӯшиши кӯмак кардани давлатҳои ОМ ба Русияро дар даст дорад?
- Дар ҳолати риоя нашудани шартҳо, эҳтимолияти таҳримҳо вуҷуд дорад. Аммо ин танҳо хоси ширкатҳо ва ниҳодҳои Осиёи Марказӣ нест, ширкатҳо ва шахсони алоҳидаи амрикоӣ низ дар сурати убур кардани ин хатҳои равшан таҳрим мешаванд. Ҳатто ширкатҳои аврупоӣ, осиёӣ ва ғайра низ. Яъне таҳримот танҳо ба субъектҳо ва шахсони алоҳидаи Осиёи Марказӣ нигаронида нашудаанд.
Мундариҷа ва параметрҳои таҳримҳои ИМА ва дигар таҳримҳои шарикони байналмилалии мо барои омма дастрасанд.
Мо ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ва бахши хусусиро дар самти омӯзиш ва маълумотдиҳӣ идома хоҳем дод, то онҳо фаҳманд, ки чӣ гуна хатарҳо ҳастанд.
Биёед возеҳ бигӯем, ки мавқеъи Иёлоти Муттаҳида ва шарикони байналмилалии мо ин аст, ки таҳримҳо як ҷузъи фишор ба Русия барои хотима додан ба ин ҷанги ғайриқонунӣ мебошанд.
Русия, Маскав қудрат дорад ва метавонад ин таҳримҳо ва таъсири онҳоро ба кишварҳои дигар қатъ кунад.
Мо ба дастгирии мардуми Украина дар ҳимояи тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва демократияи он таваҷҷӯҳи зиёд дорем. Ин бояд афзалияти мо бошад.
Ҳамзамон, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва шарикони мо эътироф мекунанд, ки ҷанги ғайриқонунии Русия алайҳи Украина ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Осиёи Марказӣ ва ба Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Ба коргарони тоҷик дар Русия хатари даъват ба артиш таҳдид мекунад.
Халалдор шудани занҷири таъминот боиси афзоиши арзиши молҳо ва хатари таъмини амнияти озуқаворӣ мегардад.
Аз ин лиҳоз, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ғайр аз кумак ва дастгирии Украина, тавассути Агентии USAID дар Тоҷикистон барои дастгирии деҳқонон ва оилаҳои тоҷик дар масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ кор мекунад.
Як қатор барномаҳои нав ва лоиҳаҳои ҷории кӯмак ба рушд аст, ки ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон дар мубориза бо оқибатҳои манфии тасмими Русия барои иштирок дар ин ҷанги ғайриқонунӣ, кумак хоҳанд кард.
Як нуктаро таъкид мекунам: сиёсати мо дар Тоҷикистон тӯли 31 соли охир пайваста буд. Мо ҷонибдори соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ барои рушду шукуфоии ин кишвар, аз ҷумла дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти демократӣ мебошем.
Ҷанбаи дигари пайвастаи сиёсати мо дар Тоҷикистон ва дар саросари Осиёи Марказӣ аз он иборат аст, ки мо ташвиқ мекунем, истиқбол мекунем ва мехоҳем, ки Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсояи худ равобити хуб дошта бошад.
Мо ҳеҷ гоҳ шариконро барои интихоб маҷбур намекунем. Мо аз дигар ҳамсояҳо ва шарикони шумо низ ҳамин чизро талаб мекунем: соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии шуморо эҳтиром кунанд ва тавонмандии Иёлоти Муттаҳидаро барои нигоҳ доштани муносибатҳои устувори дуҷониба эҳтиром кунанд.
Дар ниҳоят ва бисёр муҳим ин аст, ки мо тариқи ҳамкорӣ ва кумак ба рушд ва ҳамкориҳо дар соҳаи амният талош кардем, то ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон интихоб ва имконият барои интихоб дошта бошанд. Интихобе, ки худ бояд кунанд.
- Таҳримҳои эҳтимоли алайҳи Тоҷикистон ва дигир давлатҳои минтақа чӣ гуна метавонад бошад?
- Саволи душвор аст. Ин аз он вобаста аст, ки шумо кадом навъи таҳримҳоро дар назар доред: таҳримҳои ИМА, Иттиҳоди Аврупо, СММ. Фарогирӣ ва раванди тадбиқи ин таҳримҳо гуногунанд.
- Таҳримҳои ИМА-ро дар назар дорам.
- Оқибатҳояш маъмулан ба шахсон ва ширктҳои алоҳида нигаронида шудааст. Яъне, агар ширкат бо созмоне, ки нисбати он таҳрим ҷорӣ шудааст, ҳамкорӣ дошта бошад, мавриди таҳрим қарор мегирад.
“Ҷанги Русия боиси афзоиши нарх дар Осиёи Миёна гардид”
- Вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки “мақомдорони ИМА аз давлатҳои ОМ хостаанд, то аз мавқеи Русия дар ҷанги Украина ҳимоят накунанд”. Оё воқеан чунин дархостҳо буданд?
- Мо наметавонем дар бораи мӯҳтавои гуфтугӯҳои махфии дуҷонибаи мақомоти расмии кишварамон изҳори назар кунем.
Метавонам бигӯям, ки то замоне, ки Кремл ҷанги бераҳмонаи худро алайҳи Украина ва мардуми он идома медиҳад, мо ҳамроҳ бо иттифоқчиён ва шариконамон кушиш мекунам то хароҷоти Русия бештар гардад.
Ҷанги Русия воқеан ҳам ба Осиёи Марказӣ таъсири манфии иқтисодӣ расонид. Аз ҷумла, ба болоравии якбораи нархи маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва дигар маҳсулот боис гардид. Боиси таассуф аст, ки ҳукумати Русия сиёсатеро идома медиҳад, ки барои ҳамсояҳо ва тамоми минтақа номатлуб аст.
Беш аз 600 ширкати фаромиллӣ Русияро тарк карданд ва 37 кишвар назорати содиротии худро бар Русия ба талаботи назорати Иёлоти Муттаҳида мутобиқ карданд.
Барои коҳиш додани таъсири ҷанги Русия алайҳи Украина, USAID таъсири иқтисодиро ба Тоҷикистон бодиққат назорат мекунад ва аллакай ташабусҳои навро барои кумак ба деҳқонон дар беҳбуди амнияти озуқаворӣ, таъмини рӯзгор ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои оилаҳои осебпазир оғоз кардааст.
- Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико, дар ҷараёни сафари расмӣ ба шаҳри Остона барои коҳиши вобастагӣ аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 25 млн доллар кумак ваъда кард. Бо назардошти он ки танҳо муҳоҷирони ОМ аз Русия миллиардҳо доллар дар як сол ирсол мекунанд, оё воқеан шумо инро амалишаванда меҳисобед?
- Ташаббуси устувории иқтисодии Осиёи Марказӣ (ERICEN) як ташаббуси 45 миллион доллараест, ки аз ҷониби ИМА маблағгузорӣ шуда истодааст ва барои диверсификатсияи роҳҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ, афзоиши сармоягузорӣ дар минтақа ва афзоиши имконоти шуғл тавассути сармоягузорӣ ба таълим ва омӯзиши мардум равона шудааст.
ERICEN доираи васеи барномаҳои формат C5+1-ро, ки аз ҷониби ИМА маблағгузорӣ мешавад, дар Осиёи Марказӣ пурра мекунад ва ба ноил шудан ба ҳадафҳои умумии иқтисодӣ, энергетикӣ, экологӣ ва амниятӣ мусоидат мекунанд.
Танҳо дар соли 2023 Иёлоти Муттаҳида беш аз 100 миллион долларро ҷудо мекунанд ва дар зиёда аз 40 барномаи C5+1 иштирок менамояд.
Бо сармоягузорӣ ба одамон, мо қувваи кории соҳибихтисосро фароҳам меорем, ки рақобатпазирии минтақаро дар бозорҳои ҷаҳонӣ афзоиш медиҳад, қудрати иқтисодиро пеш мебарад ва тиҷорати дуҷонибаро дастгирӣ мекунад.
Сафари котиби давлатии ИМА ба Осиёи Марказӣ нахустин сафари ӯ ба ин минтақа буд ва он ба ҳимоят аз истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказӣ, мусоидат ба воридшавии нерӯгоҳҳо ва канданиҳои фоиданок ба бозори ҷаҳонӣ ва мусоидат ба эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон бахшида шуда буд.
Мо дарк мекунем, ки иқтисоди Тоҷикистон бо иқтисоди Русия зич алоқаманд аст ва ин сабабҳои тӯлонии таърихӣ, фарҳангӣ ва ҷуғрофӣ дорад. Ҳадафи мо ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа пешниҳод кардани имкони диверсификатсияи шарикии иқтисодии ҷаҳонии худ, бо мақсади коҳиш додани вобастагии иқтисодӣ ва ба ин васила, таҳкими соҳибихтиёрии онҳо мебошад.
“ИМА ҷонибдори мухолифати мусаллаҳона дар Афғонистон нест”
- Пас аз ишғоли қудрат дар Кобул аз ҷониби Толибон*, ИМА ҳукумати таъсискардаи ин гурӯҳро ба расмият нашинохт. Тоҷикистон низ. Пешшартҳои шинохти расмии ҳукумати таъсиснамудаи Толибон, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам ИМА эълон карданд, шабеҳанд. Яъне, онҳо талаб доранд, ки дар Афғонистон ҳуқуқи инсон муроот шавад, дар ташкили ҳукумат тамоми нерӯҳои сиёсии кишвар шомил гарданд ва низоми идора ҳамашумул бошад.
Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки ИМА ва Тоҷикистон дар робита ба “масъалаи Афғонистон” дар як сангар қарор доранд?
- Мо нигарониҳои Тоҷикистонро дар бораи таҳдиди амниятӣ аз ҷониби Афғонистон ва ҳамчунин зарурати ҳукумати фарогиртаре, ки воқеан ҳам занон ва ақаллиятҳоро намояндагӣ мекунад ва ҳуқуқҳои умумибашарии инсон ва қонунҳои байналмилалиро риоя мекунад, дастгирӣ мекунем.
- Чаро ИМА аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо роҳбарии Аҳмад Масъуд, ягона нерӯи мубориз алайҳи гурӯҳи Толибон, ки мисли ИМА, Тоҷикистон ва аксари кишварҳои ҷаҳон мехоҳад дар Афғонистон ҳукумати ҳамашумул ва мурооткунандаи ҳуқуқи инсон таъсис дода шавад, ба таври ошкор ҳимоят намекунад?
- Иёлоти Муттаҳида аз мухолифати мусаллаҳона дар Афғонистон пуштибонӣ намекунад ва мо аз ҳама ҷонибҳо даъват мекунем, ки худдорӣ ва муколамаро риоя кунанд. Фақат бо ҳамин роҳ Афғонистон муаммоҳои сершумори худро устуворона ҳал карда метавонад.
- Дар мулоқоти худ бо журналистон гуфтед, кумакҳои башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути сарҳади Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон расонида мешавад. Ин чӣ кумакҳо аст ва ҳаҷмӣ онҳо чӣ қадар мебошад?
- Ман дар назар доштам, ки Тоҷикистон сарфи назар аз афзоиши қарзҳо ба мардуми Афғонистон нерӯи барқ медиҳад. Тоҷикистон ҳамчунин ба Барномаи ҷаҳонии озуқа ва интиқоли дигар кумакҳои башардӯстонаи СММ ба Афғонистон кумак мекунад. Ман ба ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии пайваста аз мардуми Афғонистон ташаккур мегӯям.
Аз моҳи августи соли 2021 Иёлоти Муттаҳида ба Афғонистон ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар кумаки башардӯстона ироа кардааст. Ҳама маблағҳои ИМА барои кумаки башардӯстона дар Афғонистон ба шарикони маҳаллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ равона мешаванд.
- Дар сурати таҳдид аз Афғонистон (ин гуна хатар рӯз аз рӯз бештар мешавад) Амрико чӣ гуна метавонад, ки ба кишварҳои ОМ, махсусан Тоҷикистон, кумак намояд?
- Мо ваъда додем, ки ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 60 миллион доллар кумаки амниятӣ ироа кунем, ки он дар ду соли оянда амалӣ ва таҳвил хоҳад шуд. Қисми зиёди ин кумакҳо барои таҳкими тавонмандии Тоҷикистон дар таъмини амнияти марзӣ бо Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз густариши терроризму ифротгароӣ пешбинӣ шудааст.
Амнияти марзи муштараки 1400-километраи Тоҷикистон бо Афғонистон яке аз авлавиятҳои аввалиндараҷаи мост. Ба ин далел, мо ба кумаки амниятии худ таваҷҷуҳи хоса медиҳем ва саъй мекунем, ки ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон барои ҳифзи марзи худ аз таҳдидҳо, омӯзонида шаванд. Ин кумак аз омодагии ҳамаҷониба ва кумак дар муҷаҳҳазсозии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон иборат аст, ки аз соли 2013 инҷониб маблағи умумии он беш аз 38 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
“Коре накардаем, ки ҳукумат дархост накарда ва ё розигии худро надода бошад”
- Чанде пештар вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки “ИМА ва шарикони он мехоҳанд, ҳузури ҳарбии худро дар минтақаи ОМ тақвият бахшанд”. Оё дар Кохи сафед чунин масъала баррасӣ гардадааст?
- Ҳамкориҳои имрӯзаи мо дар соҳаҳои ҳарбӣ, амниятӣ, ҳифзи ҳуқуқ бо ҳукумати Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ошкоро, шаффоф ва пайваста аст.
Пеш аз ҳама, мо ба дархостҳои ҳукумати Тоҷикистон бораи таъмини амнияти сарҳадӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва мубориза бо гурӯҳҳои ифротгаро, ки аз марзи Тоҷикистон мегузаранд, посух медиҳем.
Ҳамин тавр, мо коре накардаем, ки ҳукумат дархост накарда ва ё розигии худро надода бошад.
Мо тавассути Вазорати дифоъ кумаки башардӯстона расондем: таҷҳизот ва дарсҳои омӯзиширо барои вокуниш ба офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда таъмин кардем.
Ва мехостам илова кунам, ки ҳар як омӯзиш дар соҳаи амният, чорабинии низомие, ки мо дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон баргузор мекунем, як ҷузъи он ҳуқуқи инсонро дар бар мегирад.
- Боз кадом масоили муҳим аст, ки давоми сафирии худ дар Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ кардан мехостед ва ман напурсидам?
- Иёлоти Муттаҳида аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон нигаронии доимӣ дорад. Мо бо ҳомиёни ҳуқуқи башар ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон муколамаи фаъол дорем. Мунтазам масъалаҳои ҳуқуқи инсонро дар зинаҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон матраҳ мекунем.
Ба ин масъалаҳо маҳдудиятҳои озодиҳои мазҳабӣ барои ақаллиятҳо ва аксариятҳо, маҳдудиятҳо дар фаъолияти расонаҳои мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, шиканҷа ва набудани шаффофият ва адолати судӣ дохил мешаванд.
Мо ба ҳукумат возеҳ фаҳмондем, ки беэҳтиромӣ ба озодиҳои бунёдӣ ҳамкориҳои моро маҳдуд мекунад ва кишварро аз имконияти пурра амалӣ сохтани иқтидори худ боз медорад.