Баъзе таҳлилгарон мегуфтанд, ки бо омадани Сергей Лавров ба Тоҷикистон муносибатҳои Кремл ва Қасри Миллат ахиран маълум мешавад. Албатта, чанд муроҷиату дархостро вазорату идораҳои Тоҷикистон то ин замон нисбати ошкоро ва махсус помол шудани ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Маскав фиристода буданд. Аммо дар Русия зарур надонистанд, ки ба онҳо посух диҳанд. Аҷиб буд, ки матбуот ва расонаҳои русӣ низ дар бораи вазъи муҳоҷирон ва муносибати бадшудаи Душанбеву Маскав чизе нагуфт. Дар ҳоле, ки матбуоти Ғарб инро ба манфиати худ истифода мекард.

Ин ҳоло аст, ки мегӯянд, сафари вазири корҳои хориҷии Русия тибқи нақша сурат гирифт. Дар асл, хабарҳо то ин замон фақат аз омадани вазири корҳои дохилӣ буд ва он ҳам ба шимоли мамлакат, на Душанбе.

Пас, дар хабарҳои расмӣ ҳарчӣ нагӯянд, мешавад хулосаи мантиқӣ кард, ки омадани Лавров ба Душанбе “якбора зарур шуд”. Гуфтан мумкин нест, ки вазири рус кадом сафари муҳими худро лағв карду ба Тоҷикистон омад. Бе ин ҳам, ӯ ва ҳамтоёни дигараш феълан ҷои рафти зиёд надоранд. Аз маҳдудаи кишварҳои пасошӯравӣ берун шуданашон мушкил пеш меорад. Ҳатто на ба ҳамаи ин кишварҳо ҳам рафта метавонанд.

Дар чунин як шароити тақрибан аз ҳама ҷо “рондашуда” якбора ба муҳоҷирони тоҷик “часпидани” русҳо ва тақрибан вайрон кардани муносибат бо “шарики стратегӣ” ва “иттифоқчии табиӣ” аксариятро ҳайратзада кард: агар ягон мушкили ҷиддӣ набошад, набояд чунин мекарданд!

Акас аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Фаҳмидани ана ҳамин “мушкили ҷиддӣ” мушкил буд. Расман касе аз ҳарду ҷониб чизе нагуфт, ки масъала чист. Оҳу войи муҳоҷирони тоҷик бошад, то ҳанӯз дар осмон дакка мехӯрад.

Дар натиҷа, ҳадсу тахминҳои гуногун пеш омад. Масъалаҳои асоситарини зикршуда аз инҳо иборат буд:

Ба Чин ҳарчӣ  наздик шудани Душанбе;

Бештар гӯш кардани машваратҳо аз Ғарб;

Аз ҳад зиёд шудани теъдоди тоҷикистониён дар Русия ва “ба даст гирифтани” баъзе шаҳру минтақаҳо;

Зид будани Тоҷикистон барои ба ҷанги Украина фиристодани шаҳрвандонаш, ки дар Русия қарор доранд;

Кашолкории зиёди Тоҷикистон барои воридшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё;

Таҳлилгарони тоҷик дар Душанбе ва кишварҳои ғарбӣ ҳам мегуфтанд, ки масъалаи асосӣ сиёсист. Аврупову Амрико мисле, ки ҳарчӣ дур шудани Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна аз Русияро ҳоло барномаи асосии стратегии худ ҳисоб мекунанд. Сафири нави ИМА дар Тоҷикистон дар мусоҳибаи ахири худ гуфт, ки  “ҳадафи мо коҳиши вобастагии Тоҷикистон аст” ва аз рӯи ин дар доираҳои таҳлилӣ хулоса карданд, ки манзури ӯ чист.

Акс аз сомонаи ВКХ-и Тоҷикистон

Доираҳои сиёсиву таҳлилии Маскав аслан хомӯширо беҳтар донистанд. Ё шояд аз надоштани Жириновскийи дигар ранҷ мекашанд. Ба ҳар ҳол, ҳарфу иддаои Сергей Мироновро касе ҷиддӣ нагирифт ва он чандон хабарсоз ҳам нашуд.  Ҷолибтар чизи дигар буд: таҳлилгарони тоҷики муқими Маскав сахт истодагарӣ мекарданд, ки аслан масъала сиёсӣ нест.

Лавров дар жести аввалини худ ба хеле саволҳо ҷавоб дод: номаълум, шеваи сафарро аз ибтидо ҳамин гуна нақшабандӣ карда буданд, ё баъд чунин нақша таҳия шуд, аммо вазири корҳои хориҷии Русия дар Душанбе ҳоло бо ҳеҷ касе аз мақомоти расмии Душанбе вонахӯрда, рост ба пойгоҳи низомии 201 рафт.

Аслан ҳарфҳои муҳимтаринро ҳам дар ҳамон ҷо гуфт. Он чи ки зимни сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон саломи гарму ҷӯшони Путинро расонид ва аз вохӯриашон дар 9 май ба хотир овард, ё бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин лутфи зиёд намуд, масъаларо равшан намекард. Бегуфтугӯ, дар ин сӯҳбатҳо масоили хеле муҳим баррасӣ шудаанд. Аммо дар бораи онҳо ҳоло ошкор нагуфтанро беҳтар медонанд. Дар нишати матбуотӣ ҳам ғайр аз суханони умумӣ чизе набуд. Ишора ба 120 ҳазор муҳоҷири чанд сол пеш авфшуда шояд ишора ба он буд, ки ба “мушкили” индафъаинаи муҳоҷирон ҳам роҳи ҳал меёбанд...

Дар пойгоҳи низомӣ бошад, Лавров хеле ошкоргӯ ва ҷасоратманд ба назар мерасид. Ба аскарони рус, мешавад гуфт як дарси сиёсӣ ҳам дод, ки дар муқобили сӯҳбатҳои анҷомгирифта дар Қасри Миллат онҳо расонаӣ шуданд. Гуфт, ки яке аз ҳадафҳои Ғарб тақсими Русия дар фронтҳои гуногун, аз ҷумла Қафқоз ва махсусан Осиёи Марказӣ аст.

Бо ҳамин маълум намуд, ки таваҷҷӯҳи якбораи Кремл ба ин минтақа ва хоса Тоҷикистон аз чист. 

Моҳи марти соли равон Владимир Путин Консепсияи сиёсати хориҷиро дар таҳрири нав қабул кард. Он авлавияти муносибатҳоро бо Ҷаҳони аксарият пешбинӣ менамояд. Ин пеш аз ҳама, муҳити наздики мо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Белорус, Чин, Ҳиндустон ва ҳама онҳоеанд, ки дар қитъаи бузургу ягонаи Авруосиё зиндагӣ мекунанд. Ин қитъа дари имконоти бузургро хоҳад боз кард , - гуфт Сергей Лавров қотеона.

Маҳз дар ин ҷо ҳарфи муҳиме садо дод, ки ба он таваҷҷӯҳи зиёд ҳоло нашудааст: “Чунин ҳисоб мекунем, ки мизбонони тоҷикистонии мо, ки ин сарзамини меҳмоннавозро муаррифӣ мекунанд, ба зудӣ манфиатҳои шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро худашон муайян хоҳанд кард. Онҳо сари ин кор мебаранд. Механизмҳои махсуси машваратӣ вуҷуд доранд. Дар СММ низ кор хоҳем бурд”.

Дар таги ҳар ҳарфи ин ҷумлаҳо мешавад зермаъно ёфт. Мағзи асосии сафари вазири корҳои хориҷии Русияро ҳам аз ҳамин нукта таҳлил кардан мумкин.

Акнун ба ин пешниҳоди Путин, ки ҳатман барои Қасри Миллат нав нест, чӣ хоҳанд гирифт, савол ва муаммои асосист.

Барои Душанбе низ интихоб осон нест. Аз як сӯ Чин аст, ки ҳоло ҳам на ба ҳама мавқеъгириҳои Русия розист, аз сӯи дигар Ғарб аст, ки шарту шароити мухолиф ба Кремлро пешниҳод хоҳад кард. Аз ҷониби дигар, муҳоҷирони миллионнафараи Тоҷикистон аст, ки дар Русия қарор доранд ва ҳамчун абзори муҳими фишор истифода хоҳанд шуд. Шояд дар Кремл сахт мутмаинанд, ки бадрафторӣ нисбати онҳо дар Русия низ ба манфиаташон асту ба Тоҷикистон  ихроҷ карданашон ҳам.

Воқеан, рӯзҳои ахир сару садо ва боздоштҳо дар Қирғизистон зиёд шудааст, ки гӯё садҳо нафар мехостаанд дар ин кишвар боз як табадуллот анҷом диҳанд.

Инро мешавад ба унвони як сигнали нав на танҳо ба Қирғизистон, балки тамоми минтақа қабул кард. Ин бонги хатар метавонад аз ҷониби ҳар абарқудрате садо бидиҳад, ки манфиатҳояшро халалдор мебинад.

Садои дигар имкон дорад аз Афғонистон бадар шавад. Кремл мегӯяд, бо Толибон*, ки дар қисмати шимол қарор доранд, қолаби муносибаташро маълум кардаасту онҳо ба Осиёи Миёна ҳоло кор надоранд. Дар минтақа фақат Тоҷикистон аст, ки бо Толибон тақрибан муомила надорад (ғайр аз фурӯши барқу семент ва “ҳалли” масъалаи консулгарии Хоруғ, ки барои Толибон хеле муҳим аст). Шояд дар Кремл инро ҳам бозии абарқудрати дигар мепиндоранд, ки бо Душанбе дорад.

Хулоса, ҳоло дар Кремл эҳтимолан мутмаинанд, ки тоҷиконро дар Русия аз “дӯстдорӣ” мезананд, то дар Душанбе “бачаи хуб” шаванд.

Ба ин муваффақ шудаанд ё не, чанд рӯз пас аз сафари Лавров мешавад хулоса кард. Агар бадрафторӣ нисбати тоҷикистониён бас шуд ё авҷи дигар гирифт, маънии маълум шудани тактикаҳои нави “фаҳмонидадиҳӣ”-ро дорад. Воқеан, дар суханронии вазири корҳои хориҷаи Русия, ки сомонаи расмиаш нашр кардааст, калимаи “пайдо мекунем” дар нохунак аст, вақте дар бораи роҳҳои ҳалли масъала мегӯяд.

Ин маънои бисёр ҷиддӣ дорад. Не?

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.