Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов рӯзҳои 15 - 16 июли соли 2023 ба ин кишвар сафар мекунад.

Дар ин бораи хадамоти матбуоти ВКХ иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар Ишқобод Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ва ҳамтои турманаш Рашид Мередов мулоқот менамояд.

“Дар доираи сафар муҳокимаи масъалаҳои татбиқи созишномаҳое, ки моҳи майи соли 2023 дар натиҷаи сафари давлатии Роҳбари Туркманистон ба Тоҷикистон ба даст расидаанд, ба нақша гирифта шудааст”, - иттилоъ медиҳад манбаъд.

Ёдовар мешавем, ки Сардор Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон моҳи майи соли ҷорӣ аввалин маротиба ба Тоҷикистон Сафар кард ва бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ дидору мулоқот намуд. Дар ҷараёни ин сафар як қатор шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед