Имрӯз, 14 сентябр, ба Душанбе пайиҳам президентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва чун меҳмони фахрӣ раиси ҷумҳури Озарбойҷон омаданд.
Қарор аст онҳо дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) иштирок кунанд.
Нахуст ба Душанбе Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов омад.

Баъдан Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев вориди Душанбе шуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам ба Душанбе омад.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров низ вориди Душанбе гардид.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бошад, чун меҳмони фахрӣ ба Душанбе омад.

Ҳамаи раисони ҷумҳириҳоро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Дар назар аст, ки имрӯз, 14 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардад.
Гуфта мешавад, ки аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратӣ қабули якчанд санадҳои муҳим дар назар аст, ки асоситарини он Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Ҳамчунин, 15 сентябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.




“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста