Имрӯз, 8-уми январ, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон вориди шаҳри Теҳрони Эрон шуд. Ӯ бо ҳамтои эрониаш Муҳаммадбоқир Қолибоф мулоқот кард, дар бораи рушди тиҷорат, дорусозӣ, фарҳангу мориф миёни ду кишвар ва вазъи Афғонистон ва қазияи Фаластин сӯҳбат анҷом дод.

Ба иттилои хабаргузории “Меҳр”, сафари Рустами Эмомалӣ ба Эрон ду рӯз идома мекунад ва интизор меравад, ки ӯ бо раиси ҷумҳури ин кишвар Иброҳим Раисӣ мулоқот кунад.

Имрӯз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф мулоқот кардааст.

Тиҷорат байни Тоҷикистону Эрон меафзояд

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин робита хабар медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқоту музокироти ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои муҳимму афзалиятноки равобит ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

"Ҷонибҳо бо таваҷҷуҳ ба мавҷудияти имконоти фаровони Тоҷикистону Эрон, ҳавасмандии худро ҷиҳати афзоиши муомилоти тиҷоратии миёни ду кишвар то 500 миллион доллар, таъкид намуданд”, - менависад ин ниҳод.

Манбаъ меафзояд, татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ бо ҷалби сармоягузориҳои муштарак ба нафъи ду ҷониб дониста шудааст.


Тавсеаи бахшҳои маориф, илм, тандурустӣ ва фарҳанг

Илова бар ин, Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф ба масъалаи тавсеаи робитаҳои судманд дар бахшҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва фарҳанг таваҷҷуҳи хос равона кардаанд.

Ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ ва табодули донишомӯзон дар риштаҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва технологояҳои муосир як қисми сӯҳбати ду ҷониб будааст.

Ҳамзамон, дар ин мулоқот ҷонибҳо аз идомаи анъанаҳои неки равобити фарҳангӣ, аз қабили ташкили Рӯзҳои фарҳангӣ ва тадбирҳои ҳифзу нигаҳдошти забони тоҷикӣ - форсӣ гуфтугӯ кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории эронии “ИСНА”, Рустами Эмомалӣ бо ишора ба тамаддуни муштараки Тоҷикистону Эрон гуфтааст, “фарҳанги муштараки форсӣ таърихи тӯлонӣ дорад ва мо бояд онро ҳифз кунем, то дигарон онро аз дасти мо нагиранд”.

Дорусозии Тоҷикистонро Эрон рушд медиҳад?

Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф дар мулоқоти худ инчунин дар бораи таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ, омода кардан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи тиб ва рушди бахши саёҳати офиятбахш таъкид кардаанд.

Чанде пештар ҳангоми ироаи паём раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз истифода нашудани имкониятҳои мавҷуда барои истеҳсоли доруворӣ дар кишвар нигаронӣ кард, гуфта буд, “90% доруворӣ ба кишвар аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Ақалан 50% худамон истеҳсол намоем”.

Баъд аз ин интиқоди раисҷумҳур, Вазорати тандурустӣ ҷаласаи корӣ баргузор карда, барои бартараф кардани камбудиҳо ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода буд.


Рустами Эмомалӣ аз вазъи Афғонистону Фаластин гуфтааст

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин робита хабар медиҳад, ки дар ҷараёни музокирот Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва дигар мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор кардаанд.

Маълум нест, ки Рустами Эмомалӣ дар бораи ҳамлаи террористии ахир дар маросими солгарди ёдбуди фармондеҳи Нерӯҳои таъиноти махсуси “Ал-Қудс”-и сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ дар Кирмон ҳарфе задааст ё на.

Қаблан Рустами Эмомалӣ ба ҳамтои эрониаш Муҳаммадбоқир Қолибоф дар робита ба ҳамлаи мудҳиши террористӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дар шаҳри Кирмон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол карда буд.

Баъдан Вазорати иттилооти Эрон дар бораи инфиҷорҳои Кирмон эълом кард, ки яке аз террористони интиҳорӣ шаҳрванди Тоҷикистон аст. Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар ин маврид вокуниш накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Рустами Эмомалӣ ҳамтои эрониаш Муҳаммадбоқир Қолибофро даъват кардааст, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад. Ин даъват ҷониби дигар бо хушнудӣ пазируфтааст.


Аз натиҷаи музокироти дуҷониба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ба имзо расид, ки ба тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар равона карда шудааст.

“Роҳандозии санади нави ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки муколамаи созанда ва пайвастаи байнипарламентии Тоҷикистону Эрон дар сатҳу мазмуни баланд идома дода шаванд”, - менависад МММОТ.

Бояд гуфт, ки имрӯз ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва дигар робитаҳои байни Тоҷикистон ва Эронро 200 санадҳои ҳамкорӣ ба танзим медароранд.

Дар ин робита, гуфта мешавад, фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ назаррас аст.

Ёдовар мешавем, ки ахиран ёддошти тафоҳум дар бораи лағви низоми раводид миёни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расид. Баъдан Девони вазирони Эрон созишномаи лағви раводид бо 33 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо Тоҷикистонро ба тасвиб расонид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.