Дирӯз, 8-уми январ, дар доираи сафари расмии худ ба Эрон Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сайид Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот кард. Дар ин бора сомонаи МММО хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, дар оғози суҳбат Рустами Эмомалӣ паёми гарму самимонаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистонро ба Иброҳим Раисӣ расонидааст.
Ҳамчунин, зимни мулоқот масоили муҳимму афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентӣ баррасӣ гардидааст.
Ҷонибҳо аз рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори қаноатмандӣ кардаанд.
“Бо дарназардошти мунтазам афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Эрон, инчунин ба ҳадди то 500 миллион доллар расонидани ин нишондиҳанда, зимни гуфтушунид ба густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, нақлиёт, саноатҳои мошинсозӣ, хӯрокворӣ, маъданҳои кӯҳӣ, дорусозӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд”, - зикр мегардад дар хабар.
Таъкид гардидааст, ки бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти олӣ, пажӯҳиш ва фанноварӣ, табодули таҷриба миёни мутахассисони соҳаи тандурустӣ, равобити мустақими муассисаҳои тиббии илмии ду кишвар ва идомаи анъанаҳои ташкили рӯзҳои фарҳангӣ салоҳи кор аст.
Ҳамчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилаливу байниминтақавӣ, аз ҷумла дар атрофи вазъи Афғонистон ва Фаластин мубодилаи афкор кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ дирӯз, 8-уми январ бо сафари расмӣ вориди Теҳрон шуд. Ӯ пеш аз раиси ҷумҳури Эрон бо Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ мулоқот карда буд.




Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Ҳаҷми маҳсулоти дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон истеҳсолшуда беш аз 30% афзуд
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 марти соли 2026
Тоҷикистон барои баргардони шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад
Соли гузашта 9 мансабдор барои нақзи қонуни танзим ба додгоҳ кашида шудаанд
Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста