Тоҷикистон барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Туркия низоми раводид ҷорӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Asia-Plus” хабар доданд.
Дар ВКХ гуфтаанд, бо истинод ба эзоҳи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 бо мақсади татбиқи принсипи муомила ба мисл, шурӯъ аз 20 апрели соли 2024 низоми раводидӣ нисбат ба дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Туркия татбиқ мегардад.
“Шаҳрвандони Туркия метавонанд раводиди Тоҷикистонро аз сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷа дастрас намоянд”, - зикр карданд дар ВКХ.
Тафсилоти бештар айни ҳол дастрас нест. Маълум нест, ки арзиши раводид чанд аст ва онро бо чӣ тартиб метавон дастрас кард. Бо пайдо шудани маълумоти бештар, ҳатман пешниҳод мегардад.
Бояд гуфт, ки чанд рӯз пеш раиси ҷумҳури Туркия бо имзоия як фармон барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард ва он аз 20-уми апрел амалӣ мегардад.
Нархи раводид ба Туркия чанд пул аст ва онро аз куҷо ва чӣ гуна метавон дастрас кард, дар матлаби “Раводид ба Туркияро аз куҷо ва чӣ гуна метавон дастрас кард?” мутолиа намоед.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста