Имрӯз, 22-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон барои иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷеавии Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба шаҳри Теҳрон сафар кард.
Якҷо бо президент, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Аъзамшо Шарифӣ, ёдрамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ба Эрон рафтанд.
Айни ҳол дар саросари Эрон мотами миллӣ эълон шуда, панҷ рӯз давом мекунад. Аз дирӯз ин ҷониб, дар саросари кишвар маросими видоъ бо Иброҳим Раисӣ баргузор мегардад. Дар назар аст, ки раиси ҷумҳури ҳалокшуда пагоҳ ба хок супорида шавад.
Ёдовар мешавем, ки Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури ҳаштуми Эрон 19-уми май дар як сонеҳаи чархбол ҳамроҳ бо Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар ва ҳайати ҳамроҳаш ба ҳалокат расид.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста