Рӯзҳои 4-6 июли соли 2024 бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар доираи сафар мулоқоти дуҷониба дар шакли маҳдуд ва васеъ баргузор хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин раиси Ҷумҳурии мардумии Чин дар дигар чорабиниҳои расмӣ иштирок хоҳад кард.
Аз ҷумла, иштироки Си Ҷинпин дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон дар назар аст. Айни замон корҳои ободонии гирду атрофи ин биноҳо дар арафаи анҷомёбӣ аст.
Ба иттилои ВКХ Чин, пеш аз ин Си Ҷинпин аз Қазоқистон боздид намуда, дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар ин кишвар иштирок мекунад. Дар нишасти Созмон баррасии масоили марбут ба иқтисод ва энергетика пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки доир ба созишнома дар бораи ҷудо кардани кумаки бебозгашт барои сохтмони бинои ҳукумат ва маҷмааи парлумон дар Душанбе зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин дар моҳи сентябри соли 2017 тавофуқ ҳосил шуда буд.
Бинокорони Чин соли 2020 бевосита ба сохтмони ин биноҳо оғоз карданд. Он замон бо ин мақсад 1,5 млрд юан (ҳудуди 220 млн доллар) кумаки бебозгашт ҷудо шуд.
Бинои парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз - 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.
Бинои ҳукумати Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст. Масоҳати қитъаи замини маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд гардидаанд.





Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста