Аввали моҳи ноябри соли равон дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Давлати Кувайт оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ин санад ба танзими ҷараёни муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Кувайт дахл дорад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” ҳадафҳо ва муқаррароти калидии Ёддошти мазкурро шарҳу тавзеҳ дод.
Муқаррароти асосӣ
Мувофиқи Ёддошти имзошуда, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Кувайт бар асоси шартномаҳои меҳнатии инфиродӣ, ки тибқи қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнати ин кишвар танзим мешаванд, кор хоҳанд кард.
Дар санад соддакунии талаботу расмиёт барои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ байни ду кишвар дар доираи меъёрҳои амалкунандаи қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳадаф ва шартҳои Ёддошт
Ҳадафи асосии имзои санад таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнату шуғл ва рушди қувваи корӣ унвон мешавад. Дар санад муҳиммияти ҳифзи ҳуқуқҳои кормандони хориҷии машғули кор дар бахши хусусӣ мувоиқи қонунгузории ҳарду кишвар таъкид шудааст.
Шартҳои асосии меҳнат, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва корманд мутобиқи қонугузории Кувайт муайяншуда, мавриди амал қарор мегирад.
Таъсир ба муҳоҷирати корӣ
Ёддошт ба тақвияти ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар Кувайт қарор доранд ва ба фаъолияти корӣ машғуланд, равона карда шудааст. Дар Созишнома инчунин беҳбуди корҳои ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти ваколатдори ҳарду кишвар оид ба масоили муҳоҷират, таъмини ҷойҳои кории холӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва гуногунсамт сохтани муҳоҷирати корӣ пешбинӣ шудааст.
Дурнамои бо кор таъмин шудани шаҳрвандони Тоҷикистон
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши кор дар Кувайтро доранд, то ҳол ягон бор ба таври сафарбарии муташаккилона ба ин кишвар барои кор фиристода нашудаанд.
Пас аз тасдиқи Ёддошт шаҳрвандони Тоҷикистон имкон пайдо мекунанд, ки дар маъракаҳои ҷалби муташаккилона барои кор дар Кувайт иштирок кунанд. Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии бокортаъминкунии Тоҷикистон ва ширкати Al-Huqooq International Company-и Кувайт аллакай ба имзо расидааст.
“Ба ин тариқ, Ёддошт ба беҳтар намудани шароити муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ва фароҳам овардани асосҳои бештари ҳуқуқӣ барои фаъолияти корӣ дар Кувайт нигаронида шудааст”, - зикр карданд дар Вазорати меҳнати Тоҷикистон.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста