Хоруғ. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон (ВМКБ) ба истиқболи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд.
Аз маъмурияти раиси вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати омодасозии сафари президент роҳбарони ва намояндагони қариб тамоми вазорату муассисоти ҷумҳурӣ дар вилоят қарор доранд. «Ҳадафи боздид шиносоии бевосита бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа аст», - изҳор дошт манбаъ.
Зимни сафар сарвари давлат аз ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ боздид намуда, бо рафти корҳо дар соҳаи кишоварзӣ, истифодаи заминҳо, сохтмони як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз наздик ошно мегардад.
Дар шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шинос гардида, ба таҳкурсии бунёди бинои гимназияи президентӣ хишти аввал мегузорад ва дар маросими ифтитоҳи маркази савдо ширкат меварзад.
«Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳи таҷдидшудаи шаҳри Хоруғ иштирок намуда, ният дорад, дар он ҷо бо сокинони шаҳр мулоқот доир кунад ва пас аз он дар варзишгоҳ намоишномаи театрикунонидашуда ва консерт баргузор мешавад, - хабар доданд аз маъмурияти раиси вилоят. - Дар анҷоми сафар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят ҷаласаи васеъ доир месозад, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввал мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда муайян карда хоҳанд шуд».



Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста