Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди аҳолии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)   аз рушди ноҳияи мазкур изхори қаноатмандӣ кард.   Дар суханронии ӯ, аз ҷумла гуфта мешавад:

- Дар ҷараёни сафари худ ман аз татбиқи ҳадафҳои созандаву бунёдкорӣ, ки дар доираи он имрӯз дар ҳудуди ноҳия як нерӯгоҳи хурди барқи обӣ, биноҳои нави «Агроинвестбонк» ва идораи молияи ноҳия ба истифода дода шуда, сохтмон ва таъмиру азнавсозии як қатор иншооти истеҳсоливу муассисаҳои иҷтимоӣ, истифодаи самарабахши заминҳои Президентӣ ва наздиҳавлигӣ торафт вусъат ёфта истодааст, бисёр хушҳол ва қаноатманд гардидам.

Ҳадафи асосӣ аз сафари ман ба вилоят, аз ҷумла ба ноҳияи Рӯшон шиносоӣ бо вазъи зиндагиву рӯзгори мардум, пешрафти корҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, қарорҳои Ҳукумати кишвар, барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят, бартараф кардани мушкилоту камбудиҳо ва суръати тоза бахшидан ба корҳои ободонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Бояд зикр кард, ки барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Рӯшон дар давоми 16 соли истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ   зиёда аз 36 миллион сомонӣ   сарф карда шудааст.

Ҳамчунин дар ин муддат барои пӯшонидани қисми хароҷоти буҷети ноҳия ва тараққиёти он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 17 миллион сомонӣ   ҷудо гардидааст.

Танҳо дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ва вилоят барои буҷети ноҳия 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок дода шудаанд, ки ин ҳама аз дастгирии молиявии Ҳукумати кишвар ва ғамхории он ба ноҳияи шумо гувоҳӣ медиҳад.

Дар шароити кӯҳистон яке аз роҳҳои асосии паст кардани сатҳи камбизоатии мардум ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки мо онро ҳадафи худ қарор додаем, оқилона ва самаранок ба роҳ мондани истифодаи замин мебошад.

Бо мақсади фароҳам овардани имконият барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия дар давоми ду соли охир ҳолати мелиоративии 60 гектар замин беҳтар карда шуда, тибқи қарори Ҳукумати мамлакат   «Дар бораи тасдиқи Нақшаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» азхудкунии боз 60 гектар замини нав дар назар дошта шудааст.

Дар баробари ин, тибқи лоиҳаи Барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ бо сарфи беш аз сеюним миллион сомонӣ азнавсозии шабакаҳои обёрикунанда ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии 1200 гектар замини ноҳия оғоз гардидааст, ки ин бешубҳа, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015 дар ноҳия канали Рошорв сохта шуд, ки барои обёрӣ кардани 800 гектар замин имкон фароҳам овард.

Инчунин дар мавзеи Вомари ноҳия бо маблағҳои давлатӣ қариб якуним километр соҳилҳо мустаҳкам карда шуданд.

Ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати кӯҳӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти ноҳия мебошад.

Дар давоми 16 сол дар қаламрави ноҳия 24 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки иқтидори умумии истеҳсолии онҳо беш аз якуним ҳазор   киловатт-соатро ташкил медиҳад.

Барои беҳбуди таъминоти ноҳияҳои кӯҳистон бо нерӯи барқ ва истифодаи самараноки захираҳои об тибқи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2007-2020-ум дар қаламрави ноҳия сохтмони боз ду   нерӯгоҳи хурди барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон бо мақсади дар ҳудуди ноҳия ба иқтидори истеҳсолии то 100 мегаватт бунёд намудани нерӯгоҳи барқи обии «Санобод», ки арзиши корҳои сохтмони он 412 миллион сомонӣ буда, барои бо барқ пурра таъмин шудани вилоят, инчунин содироти он имкон медиҳад, таҳияи лоиҳаи асосномаи техникиву иқтисодӣ шурӯъ гардидааст.

Дар баробари ин, дар оянда дар ноҳияҳои Рӯшон ва Ванҷ сохтмони корхонаҳои саноатии истеҳсоли семент, хишт ва коркарди санги мармар низ ба нақша гирифта шудаанд.

Вобаста ба ин, ҳоло ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят масъалаҳои коркарди канданиҳои фоиданоки кони Икарро ҳаллу фасл намояд.

Барои дар ноҳияҳои кӯҳистони кишвар густариш ёфтани соҳибкории хурду миёна мо тавассути бонкҳо додани қарзҳои хурдро тадриҷан вусъат дода истодаем.

Дар давоми шаш моҳи охир бо ин мақсад дар ноҳия аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ба маблағи зиёда аз чор миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки   ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта   56 фоиз зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи бонкӣ дар ноҳия дар тӯли се соли охир 12 миллион сомониро ташкил медиҳад. Албатта, ин ҳанӯз қонеъкунанда нест ва мо ин корро идома медиҳем. Ҳоло ба Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки то мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ барои дар соли 2009 якуним баробар зиёд кардани ҳаҷми қарзҳо мусоидат намояд.

Ҳамзамон бо ин, афзоиши 60-каратаи ҳаҷми қарздиҳӣ дар соли 2007 нисбат ба соли 2004 дар ноҳия шаҳодати мавҷуд будани имкониятҳои иловагии рушди қарздиҳӣ мебошад.

Дар баробари ин, ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти назорат аз болои истифодаи мақсадноки қарзҳои пешниҳодшуда ва таъмини самарабахшии онҳо пурзӯр намоянд.

Давлат ва Ҳукумати кишвар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустиро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор дода,   дар ин ҷода тадбирҳои зиёдро амалӣ мегардонад.

Дар ин замина мо дар ноҳияи Рӯшон дар давоми панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф ва тандурустиро аз ҳисоби буҷети давлатӣ мутаносибан чоруним ва чор маротиба зиёд кардем.

Имсол низ ҳаҷми он нисбат ба соли гузашта мутаносибан 40 ва 62 фоиз зиёд мебошад.

Илова бар ин, бо дарназардошти вазъи муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳанг таъмиру азнавсозии онҳоро ҳам бо маблағҳои давлатӣ ва ҳам дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тадриҷан вусъат дода истодаем.

Дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015 дар ноҳия барои ислоҳот ва беҳбудии вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ   як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашудаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар қаламрави ноҳия сохтмон ва таъмиру таҷдиди як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ сурат мегиранд.

Аз ҷумла, Вазорати маориф вазифадор аст, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони мактаби таҳсилоти умумии рақами 31-ро суръат бахшад.

Ҳукумати кишвар пайваста азму талош дорад, ки ноҳияи Рӯшон низ дар қатори дигар ноҳияҳои мамлакат тараққӣ карда, ободу зебо шавад, сатҳ ва сифати зиндагии сокинонаш баланд гардад.

Барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар ноҳия захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Истифодаи самараноки онҳо пеш аз ҳама ба меҳнату азму талош, инчунин ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии шумо – сокинони сарбаланди ноҳияи Рӯшон вобаста аст.

Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.