Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҳошияи сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои Олипии Пекин ӯ бо мақомоти расмии Чин як қатор мулоқот доир хоҳад намуд, ки дар онҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории кишварҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Аз Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сарвари давлати Тоҷикистон дар таърихи 7-уми август озими Чин хоҳад шуд. Қобили ёдоварист, ки зимни боздиди расмии вазири корҳои хориҷии ЧинЯн Тсзечи аз Тоҷикистон номбурда пас аз мулоқот бо президенти ҷумҳурӣ изҳор дошта буд, ки «мо иштироки президенти Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпӣ бесаброна интизорем».
Зикр гардид, ки дар Пекин Э.Раҳмон бо раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Ху Тсзинтао ва намояндагони як қатор ширкатҳои чиноӣ, аз ҷумла ширкати истихроҷи маъданҳои кӯҳии
Ziling
Mining
, ки 75 дарсади саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон»-ро соҳиб аст, мулоқот хоҳад орост.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста