Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Мулоқоти рӯзи панҷшанбеи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ дар Маскав бо интихобкунандагони имконпазираш - муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баргузор нагашт.
Сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мулоқот ба иллати даст кашидани сафорати Тоҷикистон аз дарёфт ва иҷораи толори мулоқот доир нашуд, ҳарчанд М.Кабирӣ аъзои парлумони ҷумҳурӣ аст ва мулоқоти ӯ бо муҳоҷирон бояд дар ҳамдастӣ ва мусоидати сафорат сурат мегирифт. «Ба фикри ман, ҳукуматдорони Тоҷикистон на танҳо баргузории чунин мулоқотҳоро намехоҳанд, балки садду монеъа низ эҷод мекунанд», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли Ҳ.Сайфуллозода, М.Кабирӣ ҳанӯз ҳам умедвор аст, ки бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мулоқот хоҳад кард. «Имрӯз пас аз адои намози ҷумъа раиси ҳизб дар яке аз масҷидҳои шаҳри Маскав бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон мулоқот хоҳад орост», - афзуд сухангӯи раиси ҳизб.
М.Кабирӣ дар таърихи 20-уми сентябр дар шаҳри Уфа, 21-уми сентябр дар шаҳри Қазон ва 22-уми сентябр дар шаҳри Санкт-Петербург бо муҳоҷирони тоҷик вомехӯрад.
«Маълум аст, ки аксари интихобкунандагони ҷумҳурӣ айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд ва
дидору мулоқотҳо бо онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти аъзои парлумони ҷумҳурӣ аст», - афзуд Ҳ.Сайфуллозода.
Номбурда зикр кард, ки дар сафар М.Кабириро фаъолони ҳизб, ки феълан дар Русия қарор доранд, ҳамроҳӣ мекунанд.
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста