Душанбе. 29-уми октябр - Дар доираи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ 28 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ баргузор гардид.
Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сафар Сафаров дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорони онро бо фаъолияти Мақоми Олии қонунбарори Тоҷикистон шинос намуд.
Муовини Раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ Сафаралӣ Раҷабов роҷеъ ба ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ сухан карда, гуфт ки сохтори байнипарлумонӣ дар роҳи наздик сохтани қонунгузории миллӣ ва таҳквияти ҳамкории байнипарлумонӣ беш аз пеш фаъолияташро густариш медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳо ҳангоми омода сохтани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз қонунҳои модулӣ васеъ истифода мебарад. Ва дар ин замина палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо истифода аз ҳуҷҷатҳои тавсиядиҳандаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ як қатор қонунҳои барои Тоҷикистон муҳимро қабул кардааст.
Дар ҷаласа намояндагони Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ атрофи масъалаҳои сохтори давлатӣ, худидораи маҳаллӣ, тақвияти ҳамкориҳои байнипарулмонӣ дар доираи Ассамблея ибрози назар карданд. Онҳо аз осорхона, китобхона ва толорҳои маҷлисгоҳи парлумони Тоҷикистон боздид намуда, бо фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт шинос гардиданд.
Дар назар аст, ки иштирокдорони ҷаласа ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти ҳокимияти маҳаллии ин шаҳр ошно мегарданд.
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста