Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз президенти ҷумҳурӣ - Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон Зубайдулло Зубайдовро сафири нави фавқулъодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон таъин намуд.
Оқои Зубайдов 51 сол дошта, хатмкардаи шӯъбаи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Солҳои 80-уми қарни гузашта ба ҳайси тарҷумон дар кишварҳои Ироқу Яман кор кардааст. Аз соли 1987 то соли 2006 раҳбарии шӯъбаи равобити хориҷии ҳукумати шаҳри Душанбе ва Раёсати протоколи давлатии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2006 то 2008 дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ҳайси котиби аввал ва мушовир кор кардааст. Дорои рутбаи дипломатии Сафири фавқулъодда ва мухтор, дараҷаи якум мебошад.
Зубайдулло Зубайдов дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Покистон, Саидбег Саидовро иваз намуд. Ёдовар мешавем Саидов мутобиқи фармони президенти мамлакат аз 13-уми сентябри соли ҷорӣ сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъин карда шуд.



Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Каздони Рахмонзода26 май, 2013 10:04
Ман хамчун як шахрванди Точикистон хохишмандам Хукумати Точикистон бояд мисли окои Зубайдов З. ро зийд кунад чун ин дипламат як марди фурутан ва софдил аст хамеша мекушад номи Точикистони азизро бардорад ман ахсан мехонам ба чунин дипламатхои Точик ба Окои Зубайдов хамма хушихои руи оламро таманно мекунам худо нигахбон бошад бо эхтиром як чавони Точик аз Ч.М.Чин