Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ зимни муҳокимаи масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи қайди асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ» муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Азизмат Имомов пешниҳод кард, ки тағйири ному насаби шахсони доғи судӣ дошта, мавриди пайгарди қонунӣ қарордошта ва депортатсияшуда манъ карда шавад.
«Чораи мазкур барои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳкими ҳамкории хадамоти дахлдори кишвар бо давлатҳои дигари ҷаҳон дар мавриди ҷустуҷӯ ва боздошти шахсони мавриди пайгарди қонунӣ қарордошта барои содир намудани ҷиноёт равона гардидаааст», - гуфт ӯ.
Намояндагони мардумӣ пешниҳоди мазкурро барои омӯзиши иловагӣ ва пешниҳоди хулоса ба кумитаҳо ва комиссияҳои палатаи поёнии парлумон ирсол намуданд.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста