Душанбе. 30-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз қабул шуд, аз 1 марти соли 2009 Вомбаргҳои нави давлатии дохилии бурднок ба мӯҳлати 10 сол ба муомилот бароварда мешаванд. Дорандагони Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки барориши соли 2002 аз 1-уми марти соли 2009 метавонанд Вомбаргҳои худро ё ба намунаҳои нав иваз кунанд ва ё маблағи онҳоро бозпас гиранд.
Вомбаргҳои нав бо арзиши 10 ва 20 сомонӣ бароварда шуда,
бурдҳояшон ба андозаи 1500, 1000, 500, 300, 200, 100, 40 ва 20 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Дар мӯҳлати 10 соли муомилоти вомбарг 60 тиражи бозиҳо гузаронда мешавад, яъне ҳар сол 6 тиражӣ ё дар ду моҳ як бор. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста