Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилои интишоргардида дар сомонаи ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» дар бораи боздошти 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Аштархон ва аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷинояткор ба «гаравгон» гирифтани онҳоро рад месозад ва расман хабар медиҳад, ки иттилои мазкур ба ҳақиқат рост намеояд.

Дар иттилоияи сафорат гуфта мешавад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия тайи ду ҳафтаи ахир дар шаҳри Аштархон шиносномаҳои 16 шаҳрванди тоҷик -   мусофирони қатораи «Маскав-Душанбе»-ро ба гумони қалбакӣ будани қайдҳои убури марзи Русия гирифтаанд ва шиносномаи чаҳор нафари онҳо ду рӯз пештар баргардонида шуда, шиносномаҳои дигар ҷиҳати тафтиш ба мақомоти дахлдор супорида шудаанд. «Шаҳрвандони тоҷик боздошт нашудаанд ва дар сурати тасдиқи қалбакӣ будани қайдҳои убури марзи Русия дар шиносномаи онҳо, ҳалли масъала ба додгоҳ вогузор хоҳад шуд», - омадааст дар иттилоия.

Дар идомаи иттилоия зикр мегардад, ки Сафорати Тоҷикистон дар Русия «қазияи мазкурро пайгирӣ намуда, бо шаҳрвандони тоҷике, ки шиносномаашон гирифта шудааст, дар ҳоли робита қарор дорад». Ғайр аз ин, бо супориши сафири Тоҷикистон рӯзи 5-уми январ кормандони Хадамоти муҳоҷиратии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар Русия ба шаҳри Аштархон фиристода шуданд, то бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба ин қазия расидагӣ намоянд. Дар бораи натиҷаи фаъолияти онҳо сафорат ба таври иловагӣ хабар хоҳад дод.