Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи феврал бо сафари кории якрӯза озими шаҳри Маскав хоҳад гашт.

Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазоарти умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи маълумоти пешакӣ, сафари президент дар таърихи 2-уми феврали соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафар бо намояндагони мақомоти Русия масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Аз ҷумла, сарони кишварҳо – Э.Раҳмон ва Д.Медведев атрофи амалисозии қарордодҳои қаблан тасвибгардида миёни кишварҳо табодули афкор хоҳанд намуд.