Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон Роҳбари гур ӯ ҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба То ҷ икистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.

Аксел Шиммелпфенниг ба Сарвари давлат оид ба кори гур ӯ ҳи Хазинаи байналмилалии асъор, ки тайи ду ҳафта бо сохторҳои дахлдори То ҷ икистон оид ба нати ҷ аҳои барномаи ан ҷ омёфта ва таҳияи Барномаи нави ҳамкор ӣ гузарондаанд, гузориш дод.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷ умҳурии То ҷ икистон ва сохторҳои молиявию бонкии кишвар ҳамаи шарту шароитро барои идома ва густариш додани ҳамкор ӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар созмонҳои байналмилалию кишварҳои мададрасон   и ҷ ро намудааст.

Ба гуфти ӯ , марҳилаи аввали гуфтушунидҳо оид ба таҳияи Барномаи нави ҳамкор ӣ ба поён расид. Мутобиқи ин барнома   Хазинаи байналмилалии асъор ба То ҷ икистон барои коҳиш додани таъсири манфии б ӯ ҳрони ҷ аҳонии молияв ӣ ва паст кардани сатҳи камбизоат ӣ к ӯ маки молияв ӣ мерасонад.

Аксел Шиммелпфенниг ҳамчунин таъкид намуд, ки Хазинаи байналмилалии асъор дигар созмонҳои байналмилал ӣ ва кишварҳои мададрасонро низ ба расондани к ӯ макҳои молияв ӣ ба То ҷ икистон ташвиқ хоҳад кард.

Зимни с ӯ ҳбат тарафҳо ҳавасмандии худро баҳри густариши ҳамкориҳои минбаъда таъкид намуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.