Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни ифтитоҳи ҷаласаи комиссияи байниҳкуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон изҳор дошт, ки Ӯзбекистон барои Тоҷикистон шарики асосии иқтисодиву тиҷоратӣ боқӣ мемонад.

Дар навбати худ муовини нахуствазири Ӯзбекистон, вазири молияи ин кишвар ва ҳамраиси комиссияи байниҳукуматӣ Рустам Азимов зикр намуд, ки кори имрӯзаи комиссия барои минбаъд густариш додани ҳамкориҳо ва қабл аз ҳама, ҳамкориҳо дар бахши истифодаи захоири обиву энергетикии минтақа шароитҳои мусоид фароҳам хоҳад овард.

Дар ҳамин ҳол, комиссия кори худро дар се самт – масоили ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, масоили марбут ба аломатгузорӣ дар марз ва масоили истифодаи захоири обиву энерертикӣ идома медиҳад.