Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҶТ Мирзоалӣ Болтуев ва муовини котиби иҷроияи Комиссияи Венетсиании Иттиҳоди Аврупо Томас Маркерт доир гашт.

Тавре аз комиссияи   маркази интихоти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот М.Болтуев изҳор доштааст, ки Тоҷикистон дар баргузории интихоботи озоду мустақил таҷрибаи кофӣ андӯхтааст. Ӯ меҳмонро бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба баргузории интихоботи парлумонии соли 2010 шинос кард.

Дар навбати худ Томас Маркет зикр намуд, ки Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати кӯмаки ҳамаҷониба дар баргузории интихоботи демократӣ дар Тоҷикистон ва такмили бештари қонунгузории миллӣ дар ин самт омода аст.

Ба иттилои намояндаи комиссияи марказии интихобот, боздиди ҳайати Комиссияи Венетсиании Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи ҳамкории ИА бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши такмили қонунгузориҳои миллӣ оид ба интихобот ва райъпурсӣ ҷараён дорад.