Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Нерӯгоҳҳои Нораку Роғун ва Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» хусусӣ гардонида намешаванд.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ» намояндагони мардумии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иншооти дар боло зикршударо иншооти муҳими стратегии давлатӣ арзёбӣ намуда, қарор қабул карданд, ки он хусусӣ гардонида намешавад.

Тавре муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии ҷумҳурӣ Маъруф Сайфиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба феҳристи иншооти муҳими ғайриқобили хусусигардонӣ ҳамчунин иншооти таъиноти дифоӣ ва захоири обии Тоҷикистон шомил мебошанд.

Ғайр аз ин, дар ҷаласаи навбатии иҷлосиси 5-уми МН МО ҶТ намояндагони мардумӣ якдилона Созишномаи миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бораи марзи давлатӣ тасдиқ сохтанд.