Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз масъалаи ба тасвиб расонидани Созишнома миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи марзи давлатии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

            Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласаи иҷлосияи панҷуми МН МО ҶТ ҳамчунин баррасии лоиҳаҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷорӣ сохтани моратория ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна», Қонуни ҶТ «Дар бораи қарзҳо» ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.

            Ёдовар мешавем, чанде қабл пас аз мулоқот бо муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов президенти Тоҷикистон пешниҳод сохт, ки созишнома дар бораи марзи давлатӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон аз ҷониби парлумони кишварҳо зудтар ба тасвиб бирасад.