Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти мақомоти судӣ, прокуратура ва корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат аз онҳо талаб намуд, ки пеш аз ҳама худашон дар риояи тартиботи ҳуқуқӣ намунаи ибрат буда,
дар таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд. Роҳ надодан ба коррупсия ва муборизаи беамон бурдан бо ҷиноятҳои муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои асосӣ ва пурмасъулияти кормандони тамоми сатҳу зинаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маънидод гардид.
Президенти мамлакат ҳамчунин назорати қатъии иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи бечуну чарои онро аз ҷониби худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб намуд ва таъкид дошт, ки қонуни мазкур, хусусан дар шароити кунунии иҷтимоию иқтисодӣ, ҷавобгӯйи манфиатҳои моддии тамоми табақаҳои аҳолӣ аст.
Аз ҳайати роҳбарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда шуд, ки аз маблағҳои буҷетӣ ва захираҳои моддӣ сарфаю сариштакорона истифода баранд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста