Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Имр ӯ з, Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон «Дар бораи ба истеъфо баровардани хизматчиёни ҳарбие, ки м ӯ ҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таввалуди 1982-1991 ба хизмати ҳарб ӣ » фармон ба имзо расонид.

              Тибқи фармон, хизматчиёни ҳарбие, ки м ӯ ҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, дар давоми моҳҳои апрелу майи соли 2009 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷ умҳурии То ҷ икистон, Қ ӯ шунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷ Т, Қ ӯ шунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷ Т, Гвардияи миллии Ҷ Т, Қ ӯ шнҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилии Ҷ Т ва полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷ Т ҷ авоб дода мешаванд.

               Дар асоси ин фармон ҷ авонони то р ӯ зи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони сину соли калонтари Ҷ умхурии То ҷ икистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани м ӯ ҳлати даъват ё озод буданро аз хизмати ҳарб ӣ надоранд ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват карда мешаванд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.